Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад

( 0 Овоз )

1 июни соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 майи соли 2019, № 224 ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, роҳбарони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон вазифадор шудаанд.

Бахшида ба ин сана ташкили озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Ҳуқуқҳои худро меомӯзем", аксияи вилоятии "Ба кӯдакон муносибати ғамхорона мебояд", мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад