Хабарҳо
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11

Ғамхориҳои Пешвои миллат ҳамто надоранд

( 0 Овоз )

Яке аз тактикаҳои ноҷавонмардонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою  террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу усул, таблиғу ташвиқи ақидаҳои пучу бардурӯғ бо истифода аз муқарраротҳои дини ислом даъват ба ҷангу ҷидол ба шумор меравад, ки боиси ба кӯчаҳои роҳбаста сафарбар гаштани шахсони бетаҷрибаву зудбовар мегардад. Амалу рафтори шахси гумроҳ на фақат ба давлату ҷомеа, балки барои хешу пайвандон хатари зиёд дошта, боиси сарсону саргардон шудани зану фарзандон мегардад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони фирефтаи экстремистонгашта, ба ваъдаҳои осмонии душманони миллат бовар карда, ҳатто зану фарзандони ноболиғи худро ба мавзеҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ бурда ба зери тиру тӯп мегузоранд. Ин амалро ягон шахси солимақл барои фарзанд, ки меваи ширинтарин барои волидайн ба шумор меравад раво намебинад. Шахсе, ки ба ифроту ҷаҳолат гирифтор шудааст, ғайр аз якравию бефаҳмӣ, фанатизми динӣ, бадбиниву ҷудоиандозӣ, зоҳирпарастиву хаёлҳои хом дигар чизро дидаю фаҳмида наметавонад ва ба шахси бемории руҳидошта шабоҳат дорад.

Аз рӯи иттилои мавыуда имрӯзҳо чанд нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик дар Сурияву Ироқ қарор дошта, аксарияти онҳо аз падару модар ятим мондаанд ва дар ҳолати бесоҳибӣ қарор доранд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз хиёнатҳои нобахшидании баъзе аз ашхос ҳамеша нисбати шаҳрвандони кишвар ғамхориҳои беандоза зоҳир менамоянд. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудани гуноҳи мухолифин, аз ҳудуди Афғонистони ҷангзада баргардонидани зиёда аз як миллион гурезагон, гузаштҳои беандоза баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ дида метавонем. Ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони кишвар дар қонунгузории амалкунанда инъикоси худро ёфтааст, ки шахсони дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷа иштироккарда, агар дар кирдорашон таркиби ҷинояти дигар набошад, бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.  Ин муқаррароти дурбинона дар қонунгузории давлатҳои дигар дида намешавад.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 80 нафар кӯдакон, ки дар Ироқ қарор доштанд, ба Ватани азизашон баргардонида шуданд.

Ғамхориву ҷоннисориҳои Сарвари давлатро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд хуб дарк намуда, ба қадру манзалати он бирасем ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани андешаи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, ҳуввияти миллии наврасон ва ҷавонон беғаразона камари ҳиммат бубандем.

Ҷабборов И.Р.
омӯзгори ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғамхориҳои Пешвои миллат ҳамто надоранд