Хабарҳо
Давлат Сафар Изҳорот қ 1 - 27.05.2020 01:27
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40

Андешаҳо перомуни бозовардани кӯдакон аз Ироқ

( 0 Овоз )

Шоми санаи 30-юми апрели соли равон аҳли ҷомеа тавассути воситаҳои ахбор аз рўйдоде бохабар шуданд, ки боиси таҳсину офарин ва қаноатмандии ҳамагон гардид. Тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии “Fly Erbil” таҳти сарварии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Ироқ ва Қатар Зубайдулло Зубайдзода 84 нафар кўдакони тоҷик, ки падаронашон ба сафҳои ташкилоти террористию экстремистии ДИИШ пайвастаанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Падарони гумроҳи аксари онҳо дар набардҳо қурбон гардида, модаронашон умрбод равонаи зиндон шудаанд.

Ин воқеа бори дигар нишон дод, ки дар Ватани соҳибистиқлоли мо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавон чун ба насли ояндасоз муносибат карда мешавад.

Тоҷикистон тайёр аст, ҳар нафари гумроҳшудаи аз Ватан фироркарда ва ба сафҳои ташкилоту гурўҳҳои ифротгаро пайвастаро, ки сидқан пушаймон мешаванду ба ватан баргарданд, авф намояд. Сокинони кишвар чандин маротиба тавассути оинаи нилгун ин гуна шахсонро дидаанду суханрониашонро шунидаанд, ки айни замон дар зодгоҳи худ озодона зиндагӣ ва фаъолият карда истодаанд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ниҳодҳои давлатӣ нисбати онҳо ягон хел фишору зўроварӣ ба мушоҳида намерасад ва ин нуктаро худашон дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид кардаанд. Ҳамин гуна муомилаю муносибати хайрхоҳона нисбат ба донишҷўёни ғайриқонӣ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунанда ҳам, ки ба Ватан баргаштаанд, мушоҳида мешавад.

Мутаассифона, ин ҳама хайрхоҳиву бахшиданҳоро як зумра хоинони миллат аз қабили собиқ раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону думравонаш намебинанду нодида мегиранд. Онҳо, ки бо номи пурвоҳимаи «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкилоти паймоншикан ва хоинону гурезагонро бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон созмон дода, дар ҳама ҷо ба номи Тоҷикистону тоҷикистониён иснод меоранд.

Ҳар гоҳ тавассути васоити ахбори омма нафаре аз амалҳои нангин ва хиёнати худ ба халқу Ватан пушаймон шуда, сидқан узр пурсад, онҳо даъво мекунанд, ки ин корро бо роҳи маҷбурӣ ташкил кардаанд. Аммо чуноне, ки шоир мегўяд:

Дарёи муҳитро, ки  пок аст,

Аз чирки даҳони саг чӣ бок аст.

Имрўз дар Тоҷикистони маҳбуб аз хонандаи мактаб то пири барҷомонда аз амалҳои нангин, хиёнат ва ватанфурўшии наҳзатиён ва пайравони онҳо огоҳ ҳастанд. Ин лаънатшудагон намедонанд, дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланд Сарвару Пешвои муаззаму маҳбуби худро дорад, ки  сиёсати хирадмандона ва фаъолияти назаррасашон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, бо кишварҳои пешрафтаи олам баробар намудани Тоҷикистон ва фароҳам овардани зиндагии босаодату шоиста ба сокинон равона шудааст.

Хирадмандон гуфтаанд, ки бахти ҳар кас дар дасти худи ўст. Агар шахс майлу хоҳиш надошта бошад, ўро ба иҷрои коре водор намудан чандон осон нест, ҳатто гоҳо аз имкон беру наст. Волидони ин 84 нафар кўдаки бегуноҳ метавонистанд дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ кунанд. Имрўз ҳазорон нафар ҳамватанонамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошанд ҳам, танҳо ба меҳнати ҳалол машғуланд. Дар муҳоҷират маблағ ба даст меоранд, вазъи зиндагиашонро беҳтар мекунанд ва бо сари баланд бармегарданд. Аммо нисбати он палидоне, ки дар Ватан истода ё ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба сафи худашон барин инсонҳои гумроҳу худозада, ватанфурўшу хоин пайваста, ба сари мардум бадбахтӣ меоранд, чӣ метавон гуфт. Онҳоро на Худо мебахшаду на халқи Худо! Дар кадом китоби динӣ гуфта шудааст, ки бандаи Худо раваду бо номи ҷиҳод хуни бегуноҳонро резад, манзилу маконҳои ободро ба замин яксон кунад, ба ҷои ба дилҳо шодиву фараҳ овардан бори ғаму дардва кулфату мусибат орад?

Чунин кўдакони қурбонии  падару модарони хиёнатпешаву гумроҳшуда  ва ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷӣ таҳсил мекунанду берун аз Ватан қарор доранд, ҳоло пурра ба Ватан баргардонида нашудаанд. Лекин дар як навбат ба Тоҷикистон овардани 84 нафари онҳо гувоҳи он аст, ки масъалаи мазкур таҳти назорати давлату Ҳукумат қарор дорад. Ин бозгашт оғози корҳои бузург мебошад ва эътимоди комил дорем, ки чунин бегуноҳон то нафари охирин ба ватани аҷдодӣ баргардонида мешаванд.

Албатта, дар масири сиёсати адолатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин кӯдакон беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад ва миллати бофарҳангу сарбаланд аз хурд то калон хайрхоҳ, ғамхору парастори онҳост.

Кормандони Раёсати Хадамоти
муҳоҷират дар вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Андешаҳо перомуни бозовардани кӯдакон аз Ироқ