Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Ғолибони Фестивали вилоятииҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» муайян шуданд ​

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят даври вилоятии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо мақсади эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуд ва дар даври вилоятӣ ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок доштанд. Ҳунармандон маҳсулоти худро аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо”, “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст”, “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб ва гилу гаҷ” ва “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз санг ва оҳан” пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни иштирок дар чорабинии мазкур иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, ​ арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ,​ паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир корҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст. Баргузории фестивали мазкур низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост, ки барои ҷалби занону бонувон ба ҳунаромӯзӣ мусоидат менамояд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳакамон дар бахши “Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо” Саломат Азизова аз ноҳияи Мастчоҳ (ҷойи якум), Ойгул Солиҳова аз шаҳри Бӯстон (ҷойи дуюм) ва Машҳура Ахмедова аз ноҳияи Спитамен (ҷойи сеюм) ғолиб дониста шуданд. Дар бахши “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст” Саёҳат Зиёева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Анна Юсупова аз шаҳри Панҷакент, Баҳоваддин Шарипов аз шаҳри Хуҷанд, дар бахши ​ “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб ва гилу гаҷ” Исмоилхӯҷа Музаффаров аз шаҳри Исфара, Алиҷон Мансуров аз ноҳияи Шаҳристон ва Раҳмат Каримов аз ноҳияи Деваштич, дар бахши “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз санг ва оҳан” Ислом Аюбов аз шаҳри Истаравшан, Абдуманнон Ҳомидов аз шаҳри Конибодом, Ҷамшед Ҳасанов аз шаҳри Истиқлол ғолиб гардиданд.

Ба ғолибони Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» мутасонибан 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзури тамошобинон гардид. ​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони Фестивали вилоятииҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» муайян шуданд ​