Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Моҳҳои июн-октябри соли 2019 дар вилоят озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят моҳҳои июн-октябри соли 2019 озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2019, № 94 ба тасвиб расид.​

Озмуни мазкур дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия,кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ сурат мегирад. Ба озмун наврасон ва ҷавонони то 30 сола ҳуқуқи иштирок доранд. Ғолиби озмун муаллифе дониста мешавад, ки навоварӣ ва ихтирооти ӯ дар рушду инкишофи илму техника, самаранокии хоҷагии халқ, пешрафти иқтисодии вилоят қобили истифода гардад.

Барои ихтирооти беҳтарин мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2 000 сомонӣ то 7 000 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Моҳҳои июн-октябри соли 2019 дар вилоят озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад