Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

Баргузории маҳфили идона бахшида ба 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 8 ноябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бахшида ба 60 солагии фаъолияти эҷодӣ ва 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод маҳфили бошукуҳ баргузор гардид.

Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод расонида, аз саҳми нависандаи пуркор дар рушди насри муосири тоҷик ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон ёдовар шуд.

Соҳибҷашнро ҳамчунин роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва гуруҳе аз адибон табрик гуфта, барояш саломатии бардавом таманно намуданд.

Дар вазъияти идона бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули эҷодиву ҷамъиятӣ ба Муҳиддин Хоҷазод унвони «Шаҳрванди фахрии Хуҷанд» тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Муҳиддин Хоҷазод аз зумраи нависандгони сермаҳсул маҳсуб ёфта, асарҳои «Дилро ба дил раҳест», «Об-рӯшноӣ», «Нанг ва номус», «Ростиро завол нест», «Куҳ бе варта нест», «Сангтӯда», «Ҳастӣ ибрат аст», «Аз нишебӣ то фарозиҳо» ба қалами ӯ мансубанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маҳфили идона бахшида ба 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод