Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Рамзи истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ

( 0 Овоз )

«Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Бисту ҳафт сол аст, ки дар ҳар кадом гӯшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд. Бемуҳобот, ин рамзи ҷовидонии миллат ва давлат мебошад.

Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурданд.

Дирафши Ковиёнӣ, ки бо номҳои Дирафши Ковиён, Алами Фаридун, Ахтари Ковиёнӣ низ маъруф буд, дирафши таърихии мардуми тоҷику форс аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён ба ҳисоб рафта, ба ишораи муаррихон, як миллион сиккаи тилло арзиш дошт.

Тибқи асотир, Коваи диловар пас аз саркӯб кардани Заҳҳок Фаридунро бар тахти шоҳӣ менишонад. Фаридун баъди соҳиби тахту тоҷ гардидан фармон медиҳад, ки пешдомани чармии Коваро бо дебоҳои зарду сурх, бунафш ва зару гавҳар ороиш дода, онро дирафши шоҳӣ хонанд. Дар бораи дирафши Ковиёнӣ муаллифи «Таърихи Табарӣ» маълумот дода, таъкид мекунад, ки он 12 арш ва ба ҳисоби имрӯзӣ тақрибан панҷ метр бар ва ҳафт метр дарозӣ доштааст. Муаррихи дигар Ибни Халдун дорои ситора будани дирафши мазкурро таъкид карда, аз вуҷуди ақидае хабар медиҳад, ки мувофиқи он ҳар шоҳе, ки соҳиби Дирафши Ковиёнӣ мешуд, шикастнопазир буд.

Бояд гуфт, ки Дирафши Ковиёнӣ то имрӯз рамзи давлатдории мардуми моро ифода мекунад, зеро он муборизаи Коваи оҳангар бар зидди зулму ситам (Заҳҳоки морон)-ро дар худ инъикос намудааст.

Яке аз тӯлонитарин замонҳо барои парчам ба замони Ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони Ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст.

Дар замони Ашкониён парчаме истифода мешуд, ки дар он хуршед акс ёфта буд. Ҳамчунин, дастаҳои ҳазорнафараи артиши ашконӣ дорои парчамҳои абрешимӣ буданд, ки тасвири аҷдаҳо доштанд.

Дар катибаҳои сангии даврони сосонӣ нақши чор парчамро мушоҳида кардан мумкин аст: яке марбут ба замони Шопури дуюм дар Бесутун буда, шаклан кушода тасвир нашудааст ва се парчами дигар дар нақши Рустам ҳаккокӣ шудааст.

Ба ишораи сарчашмаҳо, қаҳрамонони миллии мардуми форс Абӯмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин низ соҳиби парчамҳои хосе будаанд. Тарафдорони Абӯмуслимро ба эътибори ранги парчамашон Сиёҳҷомагон ва ҷонибдорони Бобаки Хуррамдинро вобаста ба ранги парчамашон Сурхҷомагон меномиданд.

Бояд гуфт, ки дар солҳои 1929-1992 Тоҷикистон соҳиби парчамҳои гуногун будааст. Нахустин парчами Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1929, пас аз ҷумҳурии мустақил шудани кишвар пазируфта шудааст.

25-уми феврали соли 1931 бо қабул шудани Қонуни асосии кишвар парчами он низ дигар шуда, то соли 1935 мавриди истифода қарор мегирад.

4-уми июли соли 1935 парчам дигар шуд. Номи ҷумҳуриро дар парчам бо хатҳои зарҳалии лотинӣ ва русӣ навиштанд ва дар болои он нишони досу болғаро нигоштанд.

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ мубаддал гардида, парчам низ тағйир ёфт. Номи ҷумҳурӣ бо хати кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои он нишони заррини досу болға қарор дошт.

20-уми марти соли 1953 навиштаҷот аз рӯи парчам бардошта шуд, ба досу болға ситора илова гардид, акнун он порчаи сурхе буд, ки рахҳои сафеду сабз дошт. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ ва ранги сабз нишони маҳсулоти кишоварзиро ифода мекард. Ин парчам то 9-уми сентябри соли 1991 мавриди истифода қарор дошт.

Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон парчами шӯравиро бо андаке дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгӯша ва досу болға) истифода менамуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шуруъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳамзамон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ мувофиқат намекарданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат хеле возеҳ ва равшан дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ муайян карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсия омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Парчами мо дорои се ранг - сурх, сафед, сабз мебошад ва ҳар як ранг ва нишонаш мазмуни баланд дорад. Ранги сурх мубориза ва ҷоннисориҳои халқро баҳри озодӣ ва истиқлолият нишон медиҳад. Махсусияти ранги сафед дар рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, шири поки модар, виҷдону дили пок, имони комил ва беғуборӣ, рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ин ранг ҳамчунин бахту иқболи сафед ва покии виҷдонро ифода мекунад.

Ранги сабз саъю кӯшиши сокинони кишвар барои сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро мефаҳмонад. Он чун рамзи табиати сабзу ҳаме- шабаҳори мо, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ ва зебоӣ мебошад.

Ранги сурх рамзи дониш, таърих, фатҳу нусрат, субҳи дилоро, ифтихор, сурхрӯӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ранг ифодагари рамзи парчами Коваи оҳангар низ мебошад, ки аз чарми сурх буд. Нишони тоҷи заррини мобайнӣ соҳибистиқлолӣ, тоҷдорӣ ва доштани тамаддуни бойи илмиву фарҳангӣ ва куҳанбунёдии миллатро таҷассум менамояд. Рӯи ранги сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки бо Қонуни махсус тасдиқ шудааст, ҷой, макон, вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст, ки риоя ва тартиби он барои ҳамагон воҷиб аст.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар суханрониашон бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Пешвои миллат чунин тазаккур дода буданд: «Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад».

Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24-уми ноябри соли 2009 таҷлил шуд. Аз ин ҷост, ки мо ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирем.

Тасвири Парчами давлатии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл мегарданд. Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007 муқаррар мекунад.

Тибқи Низомнома Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: - дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) - доимӣ; -дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо гузаронда мешаванд - дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат) - дар тамоми давраи маҷлис; - дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот, иттиҳодияю ташкилоти ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ - дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; - дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, - мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - дар биноҳои раъйдиҳӣ дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ; дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ; -дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

Боиси ифтихор аст, рӯзи 30-юми августи соли 2011, дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Дарозии Парчам 60 ва бари он 30 метр буда, аз тамоми гӯшаву канори пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе намудор аст. Бояд гуфт, ки бо чунин баландӣ сохта шудани Парчами кишвар арҷ гузоштан ба ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.

Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр барафрохта шуд. Атрофи парчам, поя ва роҳравҳои он бо санги ороишии хорои сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфта, ба ҳусни шаҳри бостонии мо шукӯҳу шаҳомати хоса эҳдо намуд. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва шоистаи эҳтироми хосаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пой барҷо бошад.

Тоҷибой СУЛТОНЗОДА,
мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд,
Илҳом МАДАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи
раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рамзи истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ