Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:49
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:58
8 марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 22.01.2019 10:00
Мулоқоти роҳбарияти ДДҲБСТ бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ - 22.01.2019 09:57
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 08:38
Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 14:52
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 09:45
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12

Маросими савгандёкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230

( 0 Овоз )

Дар қисми ҳарбии 0230, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссари ҳарбӣ, раиси суди ноҳия, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маросими савгандёкунии наваскарон доир гардид.

Сулаймонзода Акрам Раҳим, раиси ноҳияи Спитамен нахуст кулли афсарону аскарон ва волидайни наваскаронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии худро дар ҳифзи марзу буми Ватан изҳор менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарон қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардум саҳми арзанда мегиранд ва дар роҳи хизмат ба Ватан беҳтарин анъанаҳои ниёгонро идома бахшида, баъди адои хизмат бо рӯйи сурху сари баланд ба назди азизони худ бармегарданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ 100 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, изҳор доштанд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватани азиз омода ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маросими савгандёкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230