Хабарҳо
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом - 19.04.2019 17:01
Ғолибияти донишҷӯни тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ - 19.04.2019 16:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд - 19.04.2019 11:05
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар Конибодом то имрӯз 153 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд - 19.04.2019 08:44
Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..." - 19.04.2019 08:29
“Хизмати Ватан – Модар вазифаи мо - ҷавонмардон аст” - 18.04.2019 16:04
"Хуҷанд" дастаи "Дордой"-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод - 18.04.2019 09:47
Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот - 18.04.2019 09:03
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд - 18.04.2019 08:25

Дар Истаравшан майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, маркази хизматрасониву забономӯзӣ ва Чойхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт

( 0 Овоз )

5 ноябр – дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махкам Маҳмудзода, муовини Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода ва роҳбарияти шаҳр 11 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нахуст дар ҶДММ “Осоишгоҳи Уротеппа” маҷмааи фароғатӣ - варзишӣ ва майдончаи варзишӣ, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Дар Ҷамоати деҳоти “Сабристон” бошад 8 синфхонаи иловагӣ барои 240 хонанда ба истифода дода шуд. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, он тариқи ҳашар ва саҳмгузории саховатмандону соҳибкорони деҳа бо харҷи беш аз 800 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Ҳамзамон маросими ифтитоҳи бинои маъмурии ҷамоати мазкур пас аз таъмир ва як чоҳи амудӣ низ сурат гирифт.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ дар ҳудуди маҳаллаи “Боғот” –и шаҳр маркази таълимии “OXFORD” ба истифода дода шуд. Маркази таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардид, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бинои маркази саломатии №2 шаҳр низ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми маъмурияти Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳру соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Инчунин дар ин рӯз дар ҳудуди хиёбони Исмоили Сомонӣ маркази хизматрасониву савдо аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Каримов Додо бо харҷи беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ва Чойхонаи миллӣ аз тарафи соҳибкор Абдуғаффоров Абдузамир мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ифтитоҳи иншооти зикршуда ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати таҷлили шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, маркази хизматрасониву забономӯзӣ ва Чойхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт