Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ

( 2 Овоз )

Рӯзи 10 октябр Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 08-00 дар маҳалли зисташ баргузор шуд.

Маросими видоъ бо шоир бо ҳузури садҳо нафар дӯстону пайвандон, аҳли зиё, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва алоқамандони шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба самъи пайвандони марҳум расонид.

Ёдовар бояд шуд, ки Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз кардаву дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонид. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз мебахшад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ сипас дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд будааст. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

Марҳум муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ