Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Кишоварзони ноҳияи Деваштич тасмим доранд беш аз 110 000 тонна картошка истеҳсол намоянд

( 0 Овоз )

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тасмим гирифтаанд, ки имсол 110 550 тонна картошка истеҳсол намоянд, ки ин нисбат ба соли гузашта 10 000 тонна зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия соли равон майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4 422 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он замини картошкаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 3257,7 гектар ва аҳолӣ 1164,3 гектар мебошад. Майдони кишти картошка нисбат ба солҳои қаблӣ 647 гектар зиёд гардида, аз он 619 гектар аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва боқимонда 28 гектар аз аҳолӣ аст.

То имрӯз бештар аз 2000 гектар майдони картошкаи ҳоҷагиҳои кишоварзии ноҳия наздик 52000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия барои васеъ намудани майдони картошка, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва ба ин васила таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки мардумро бо картошкаи босифати худӣ таъмин созанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кишоварзони ноҳияи Деваштич тасмим доранд беш аз 110 000 тонна картошка истеҳсол намоянд