Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

Ба ифтихори “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” моҳҳои октябр-ноябри соли равон даври вилоятии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 октябри соли 2018, №451 ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот, ҳайати ҳакамон ва ҷадвали баргузории фестивал тасдиқ карда шудааст.

Мақсад аз баргузории фестивал — озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал — озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.

Фестивал озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки ба ғолибони даври вилоятии фестивал-озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ба ғолибони даври ҷамъбастии фестивал аз ҷониби муассис  - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон диплому мукофотҳои пулӣ тақдим карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» гузаронида мешавад