Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

( 0 Овоз )

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муассири машъалафрӯзони роҳи фардои миллат – омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор додаанд: «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад».

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зина ба зина ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри пешбурди кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ғамхорӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонии онҳо тарбиятгарони насли ояндасозро барои натиҷаҳои фаъолият рӯҳбаланд мегардонад.

Омӯзгорони вилоят туфайли татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда барои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд. Натиҷаи заҳмати бобаракати омӯзгорон аст, ки тайи солҳои охир дар соҳа пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд.

Итминони комил дорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз шароитҳои мусоиди барояшон фароҳамомада боз ҳам самараноктар истифода карда, бо тарбияи наслҳои ояндасоз дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бори дигар кулли маорифчиёни вилоят, собиқадорони соҳа, устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон