Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Конибодом

( 0 Овоз )

Дар майдони «Оташи абадӣ» -и шаҳри Конибодом ба муносибати гусели гуруҳи аввалини ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷавонону наврасон ва волидайни даъватшавандагон ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш бо баробари ба зиёда аз 100 нафар ихтиёриёни аввалин таманно намудани сиҳатмандиву сарбаландӣ ва муваффақиятҳо дар адои қарзи шаҳрвандӣ, таъкид карда шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимод маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати  хизмати шуҷоатмандонаи хизматчиёни ҳарбӣ мардуми Тоҷикистон имрӯз дар вазъи орому осуда зиндагӣ доранд.

Раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир зимни суханронии худ иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ натанҳо уҳдадории шаҳрвандӣ, балки қарзи виҷдониву имонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи боифтихори ҳар як ҷавонмарди сарзамин аст.

Модари яке аз даъватшавандагон Нафиса Ғаниева изҳор намуд, ки бо шукронаи оромиву осоиштагии мамлакат, бо қалби софу ниятҳои нек фарзандаш пас аз хатми донишгоҳ баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандиаш раҳсипор мегардад.

Даъватшаванда Дониёр Назиров иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми мардуми диёрро бовар кунонид, ки ӯ ва ҳамсолонаш тавассути хизмати содиқона ва шуҷоату далерӣ ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодиро бо сарбаландӣ ҳифз хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Конибодом