Чанде қабл дар ноҳияи Шаҳристон ба муносибати гусели даъватшавандагон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид ва гуруҳи наздик 50 нафараи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода, афзуданд, ки ин ҷамъомад бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, волидони даъватшавандагон ва фаъолони ноҳия дар комиссариати ҳарбии ноҳия сурат гирифт.
Дар рафти ҷамъомад таъкид карда шуд, ки ҷавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёран барои адои хизмат мераванд. Маҳз фааъолнокии ҷавонон буд, ки дар рӯзи нахустин нақшаи даъвати ҳарбӣ ба андозаи 104 фоиз иҷро карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд