Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Ашт. Гуруҳи 100 нафараи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

( 0 Овоз )

Гуруҳи 100 нафараи ихтиёриён аз ноҳияи Ашт барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд ва ҳамин тавр ноҳияи Ашт дар рӯзҳои нахустини гусели даъватшавандагон нақшаи пешбинишударо 60 фоиз иҷро намуд.

Ба муносибати гусели даъватшавандагон 4 октябри соли равон дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни суханронии худ дар ҳузури даъватшавандагон ва волидони онҳо иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва ватандӯст сарбаландона хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Дар ин рӯз аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба як қатор фаъолон ва падару модарон номаи миннатдорӣ ва Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт. Гуруҳи 100 нафараи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд