Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти варзишиву фарҳангӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонии бинои сеошёнаи китобхонаи марказӣ ва осорхонаи миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино Раиси вилоят ба мутахассисон ва масъулин дастур дод, ки лоиҳаи иншоот ба таври замонавӣ бознигарӣ ва омода карда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар китобхонаи марказӣ бояд барои гузаронидани маҳфилҳои гуногун низ шароитҳои зарурӣ фароҳам гардад.

Бояд гуфт, ки дар баробари бунёди китобхонаву осорхона соли равон варзишгоҳи марказии «Чашма»-и Ҷамоати шаҳраки Навкат низ ба навсозӣ фаро гирифта мешавад. Зимни муаррифии лоиҳаи нави варзишгоҳ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки шумораи нишастгоҳҳои варзишгоҳ дар оянда ба 8 ҳазор расонида шуда, аз ҳисоби заминҳои ҳудуди варзишгоҳ майдони он васеъ ва иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳа таъкид кард, ки навсозии иншооти варзишӣ бояд тибқи талабот сурат гирад ва дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯмакҳои зарурӣ расонида мешавад.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонии таъмиру навсозии Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия ошно гардид. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, бо гузашти солҳо хеле куҳна гардидааст. Ҳамакнун дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилоят бинои фарҳангӣ аз таъмир бароварда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати ороиши иншооти фарҳангӣ, таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бинои мазкур дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти варзишиву фарҳангӣ дар ноҳияи Спитамен