Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ... - 15.07.2020 18:20
Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд - 15.07.2020 14:21
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09

Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад

( 1 Овоз )

Видео :Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар аснои суҳбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷӣ мужда расонид, ки барои истироҳату фароғати мардум дар ҳудуди ҷамоат макони истироҳатӣ бунёд хоҳад шуд. Мавзеи истироҳативу фароғатӣ дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоат воқеъ буда, дар масоҳати наздик 0,30 га доман паҳн хоҳад кард. Бо назардошти он ки барои 45 ҳазор аҳолии ин ҷамоат чунин макони истироҳативу фароғатӣ мавҷуд нест, роҳбари вилоят дастур дод, ки мавзеи истироҳатӣ бо фарогирии фаввораҳо, гулагашт, ҷойи дамгирӣ барои муйсафедон, макони истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон ва марказҳои хизматрасонӣ сохта шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин таъкид кард, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ тадбирҳои ободонӣ вусъат пайдо намуда, бунёди як қатор иншооти замонавӣ ҷараён дорад. Ба гунаи мисол Раиси вилоят аз иқдомҳои ободонӣ дар вилояти Суғд ёдовар шуд ва изҳор дошт, ки мардум бо руҳияи болида, ифтихор аз ватану ватандорӣ дар ин самт саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки роҳи ҷамоат низ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуда, мумфаршкунии он оғоз меёбад. Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати оғози корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо пуштибонӣ аз иқдоми мазкур миннатдории хуро ҷиҳати бунёди мавзеи истироҳатӣ баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад