Хабарҳо
Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун - 14.11.2018 23:14
Паём ба ҲНИ, Кимиёи саодат, паём.нет, ахбор.ком ва амсолуҳум бинобар кушодашавии НБО «Роғун» - 14.11.2018 23:13
Миллати созанда тӯй дораду наҳзати сӯзанда мотам - 14.11.2018 23:02
Праздник в Таджикистане для «Паем.нет», «Ислох.нет», «Ахбор.ком», Кабири, Юнусу слепому и КСИР это несчастье. - 14.11.2018 21:22
Объявление: Траур в Партии исламского возрождения - 14.11.2018 21:14
НБО-и "Роғун" натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст - 14.11.2018 18:32
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фидоии беназири миллат - 14.11.2018 18:22
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун» - 14.11.2018 17:23
Рақси резабофӣ бахшида ба Роғун (Пешниҳоди шохаи Истаравшанӣ барои ҷашни НБО «Роғун») - 14.11.2018 17:23
НБО РОЃУН - ФОЉЕА БАРОИ «AKHBOR.COM» - 14.11.2018 17:23

Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

Видео :Раҷаббой Аҳмадзода  директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт 16 майи соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн мулоқот намуд.

Ҷоизи зикр аст, ки самти фаъолияти ин ширкат ба соҳаи саноати куҳӣ нигаронида шуда, дар ояндаи наздик аз ҷониби ҶСП “Талко Голд” дар ноҳияи Айнӣ як корхонаи бузург дар самти истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бунёд карда мешавад.

Дар аснои суҳбат Раиси вилоят аз муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо якчанд корхонаи муштарак мавриди истифода қарор дорад, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Раиси вилоят аз бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ ва истихроҷи маъданҳои кони Кончочи ноҳияи Айнӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки амалишавии ин иқдом ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари ҶСП “Талко Голд” ба Раиси вилоят иттилоъ дод ки корҳои сохтмонии корхона дар ноҳияи Айнӣ рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Анҷоми корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба нақша гирифта шуда, аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Дар назар аст, ки дар корхонаи бунёдшаванда беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шаванд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор гирифта, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт