Хабарҳо
Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун - 14.11.2018 23:14
Паём ба ҲНИ, Кимиёи саодат, паём.нет, ахбор.ком ва амсолуҳум бинобар кушодашавии НБО «Роғун» - 14.11.2018 23:13
Миллати созанда тӯй дораду наҳзати сӯзанда мотам - 14.11.2018 23:02
Праздник в Таджикистане для «Паем.нет», «Ислох.нет», «Ахбор.ком», Кабири, Юнусу слепому и КСИР это несчастье. - 14.11.2018 21:22
Объявление: Траур в Партии исламского возрождения - 14.11.2018 21:14
НБО-и "Роғун" натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст - 14.11.2018 18:32
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фидоии беназири миллат - 14.11.2018 18:22
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун» - 14.11.2018 17:23
Рақси резабофӣ бахшида ба Роғун (Пешниҳоди шохаи Истаравшанӣ барои ҷашни НБО «Роғун») - 14.11.2018 17:23
НБО РОЃУН - ФОЉЕА БАРОИ «AKHBOR.COM» - 14.11.2018 17:23

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао 16 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чаоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва бештар намудани содироти семент ба хориҷи кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни мулоқот қайд намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд рушд намуда, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва номгӯи маҳсулоти содиротӣ бештар гардида истодааст.

Зикр гардид, ки корхонаи сементбарории “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” чанд сол инҷониб фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти вилоят саҳми арзанда мегузорад. Раиси вилоят аз сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур ва маоши коргарон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки ҷиҳати содироти бештари семент ба хориҷа аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао аз ҳусни таваҷҷуҳ ба корхонаи мазкур изҳори хушнудӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар 4 моҳи соли равон ба маблағи наздик 96 миллион сомонӣ семент истеҳсол шудааст ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 наздик 45 миллион сомонӣ бештар мебошад. Агар корхона дар соли 2016 зиёда аз 429 ҳазор тонна семент истеҳсол намуда бошад, пас ин рақам дар соли 2017 ба 722 ҳазор тонна баробар гардид. Ҳаҷми маоши кормандон низ давра ба давра боло рафта, маоши миёнаи кормандон айни замон 2667 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба анҷоми амалҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат гуфтушунид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” Лю Хун Чао