Хабарҳо
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56
Баргузории намоиш ва фурӯши чорвои хушзот дар ҶДММ “Деҳбудхӯҷа”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 12.11.2018 12:57
Дар Хуҷанд 6,5 тонна маводи хӯрокаи пастисифат маҳв карда шуд - 12.11.2018 10:42
Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев - 12.11.2018 10:32
Ҷавоб ба Файзинисо Воҳидова - 11.11.2018 23:16

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳату фароғати сокинони пойтахт тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд.

Бо сохта ба истифода додани Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боз як гӯшаи шаҳри Душанбе ободу зебо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиён барои анҷоми корҳои босифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин изҳор доштанд, ки дар оянда низ бо вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзгардонӣ ва фароҳам сохтани шароити аз ин беҳтар барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар мавзеи Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонида шуда, ин ҷо ба макони назаррабо табдил дода мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе