Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 20
  • Минбаъда

Видео :Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ 13 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 ба кори худ шурўъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Анҷуманро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси вилоят зимни суханронии хеш меҳмонони Анҷуманро ба вилояти Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, доир ба вазъи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, робитаҳои судманди минтақавӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи вилоят ҳарф зад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла, таъкид дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ буда, дар саргаҳи Шоҳроҳи Абрешим қарор гирифтааст. Алҳол вилоят бо 18 минтақа, аз ҷумла марказҳои саноатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судманди иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Соҳаҳои муҳими иқтисодиёт – саноату кишоварзӣ сол аз сол рушд меёбанд. Чунончӣ, нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми солҳои охир ба андозаи 120 – 130 фоиз таъмин гашта, ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти содиротӣ эътибори зарурӣ дода мешавад. Алҳол дар вилоят 405 гармхона фаъолият дошта, соли равон кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар картошка кишт намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ беш аз 200 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ҳайати зиёди меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ўзбекистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналхалқии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Дар Анҷуман намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин, муовини Раиси вилояти Оренбург – Вазири кишоварзӣ, саноати коркард ва хўрокаи вилоят Михаил Маслов ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ – соҳибкорӣ ба сухан баромада, аз нақш ва ҳадафи баргузории Анҷуман, пазироии хуб изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, содироти бештари маҳсулот, тавсеаи рушди ҳамгироӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар рўзи нахусти кори Анҷуман имкониятҳои ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони тармева ва хушкмева бо назардошти хусусияти сифати маҳсулот муҳокима гардида, соҳибкорони кишварҳои иштирокчии Анҷуман дар мулоқоти хоса гуфтушунид намуданд.

Меҳмонони Анҷуман худи ҳамин рўз аз Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 рӯзи 14 апрел низ идома меёбад ва аз натиҷаҳои кори он гузориш нашр хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






















Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ