Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов Рӯзи 12 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо мақсади иштирок дар  Анҷумани III минтақавӣ оид ба шартномабандӣ ба вилоят ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои мавҷудаи вилояти Суғд маълумот дод. Қайд гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фарох дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, густариши ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ҷиҳати табодули бештари молу маҳсулот мусоидат намояд. Солҳои ахир соҳаи саноати вилоят рушд намуда истодааст ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард доллари ИМА баробар гардид. Ҷонибҳо метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ доираи ҳамкориҳоро васеъ намоянд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ нишондиҳандаҳо назаррасанд ва вилояти Суғд имконият дорад, ки маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваву сабзавотро содирот намояд.

Муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов аз муносиботи ҳасанаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ёдовар шуд ва омодагии ҷонибашро барои гутариши ҳамкориҳо баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 13 – 14 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин Анҷуман миёни вилоятҳои Суғду Оренбург меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов