Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Суғд: Вусъати омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ

( 1 Овоз )

Ба истиқболи Иди Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик ва рамзи эҳёи табиату фарорасии айёми шукуфоӣ ва бедории аносири табиист, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят сокинону саҳмгузоронро ба корҳои ободонӣ ҷалб намуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ободгариву шукуфоӣ, тозаву озода ва ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Баробари оғози фасли дилфиреб-баҳори оламафрӯз ва эҳёи табиат гузаронидани шанбегиҳо ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки сокинони шаҳри Хуҷанд то ин муддат чанд маротиба шанбегӣ гузаронида, бо шинонидани гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ ҳусни шаҳри Хуҷандро таровати бештар бахшиданд.

Мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор гирифтани роҳ ва намои биноҳои мавзеъҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ, чорраҳаи Камоли Хуҷандӣ то мавзеи Панҷшанбе намуди шаҳрро боз ҳам дилработар гардонидааст. Тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои атрофи шаҳр аз ҷониби сокинон,  аз алафҳои бегона  тоза ва кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот, сафед кардани танаи дарахтон, сафолакпӯш намудани роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгари он аст, ки мардум баҳори хушиқболро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд.

Дар ин раванд ҳашарчиён дар баробари тозакунии гирду атрофи маҳал шинондани  400 бех лола, 700 бех садбарг, 540 бех гулҳои ороишӣ ва наздик 200 ниҳоли гуногуни ороишӣ шинонда, дар ободии макони зисти худ ҳиссагузор шуданд. Тоза кардани соҳилҳои дарёи Сир аз алафҳои худрӯй ва партовҳо аз ҷониби донишҷӯён бошад, имкон медиҳад, ки дар замири ҷавонону наврасон эҳсоси зебоипарастию ободкорӣ пайдо шавад.

Дар хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои «Сирдарё», ба номи Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол бошад, сокинон баробари ба ҷо овардани як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили киштгардон намудани майдончаҳои наздиҳавлигӣ, сафед кардани танаи дарахтон, рӯбучини кӯчаҳо, атрофи маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, муассисаву ташкилот тасмим гирифтанд, ки Наврӯзи имсоларо бо руҳу илҳоми саршор истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар шаҳри Конибодом низ омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ ва фасли баҳори нозанин хуб ба роҳ монда шудааст. Аз даромади шаҳр эҳсос мегардад, ки кӯчаҳоро аз партов тозаву озода кардаанд. Ҷӯйборҳо, саҳни мактабу боғча ва муасисаву ташкилотҳо ободу дилкашанд. Дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони  ҳамешасабз шинонида шуда, рӯҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст.

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо шинонидани ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки фаъолияташро тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷоннок намуда, баҳри ободу зебогардонӣ чораҳои мушаххас андешад.

Тавре директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Фарҳод Орифов гуфт, имсол шинонидани 4700 бех дарахти ороишиву ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз се ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуд. То ҷашни Наврӯзи фархундапай ин кор идома дода мешавад.  Бояд гуфт, ки масоҳати умумии қитъаҳои кабудизоркунӣ дар дохили шаҳр 21 ҳазору 800 метри мураббаъ, масоҳати ҷойи шинонидани алафҳои ҳамешасабз (газон) 4 ҳазору 600 метри мураббаъ мебошад.

Алҳол мавсими шинонидани гулҳои ороишӣ оғоз шуда, 40-50 ҳазор адад гулҳои ороишии мавсимӣ, аз ҷумла 6 ҳазор бех гули садбарг ва 6 ҳазор гули канаро аз 3-юми март ба шинонидан оғоз намуданд. Ҳамзамон гулҳои ороишии питуния ва тагес аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда, шинонида шуда истодааст.

Дар шаҳри Конибодом ҳамзамон бунёди маркази ҷарроҳӣ, хиёбони Шоҳ Исмоили Сомонӣ, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, нуқтаи қабули хатти оби нӯшокии идораи обу канализатсия, варзишгоҳ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бомаром ҷараён дорад.

Дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз, ҳамчунин анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат дар шаҳри Панҷакент бунёди як зумра иншоот, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, ифтитоҳи коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ, дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо сокинони шаҳр бо рӯҳбаландии бузург дар самти ободониву бунёдкорӣ заҳмати садоқатмандона доранд.

Мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, он дигаргуниҳои куллӣ, ободониву созандагӣ, ки вобаста ба дар шаҳри Панҷакент баргузор гардидани иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷараён гирифта истодааст, ҳатто, гуфтан мумкин, даврони шӯравӣ ба назар намерасид. Танҳо дар соли равон бунёди даҳҳо иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар иншооти ҷашнӣ - бинои Қасри ҷавонон, ки аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат аст, алҳол қариб тамоми корҳо анҷом ёфтаанд. Дар ин ҷо 400 нафар устоҳои Ширкати «Манора-2014» аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд ва устоҳои маҳаллӣ аз «СУ-3»-и шаҳри Панҷакент фаъолият бурда, дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ корҳоро ба анҷом расонданд. Тибқи нақша  дар ин бино бахши ҷавонон, толорҳои варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, китобхона ва дигарҳо ҷойгир гашта, беш аз дусад нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр муассисаи томактабӣ барои 250 кӯдак, ки аз се ошёна иборат аст, бо тамоми шароити замонавӣ бунёд ёфта истодааст. Дар ин иншоот устоҳо аз шаҳри Ҳисор ва устоҳои «ПМК-278»-и шаҳри Панҷакент бо сарварии Олимҷон Саидов кор карда истодаанд. Ин иншоот бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардида, маблағгузори он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» мебошад. Айни замон дар шаҳр 17 кӯдакистон фаъолият бурда, аз он дувоздаҳ ададаш тобеи шуъбаи маориф ва 3 ададаш хусусӣ аст.

Таҷдиди гулгашти устод Лоиқ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом дода, пайкараи нави шоир гузошта  ва дар ин ҷо корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва гулкорӣ анҷом дода мешавад, ин мавзеъ ба ҷои фароғату истироҳати мардум табдил хоҳад ёфт.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии маҳалли худ соҳибкорон низ амалҳои нек анҷом дода, бо иқдоми онҳо чандин биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 5-6 адад тӯйхона бунёд ёфта истодааст. Дар ду таълимгоҳи садамавӣ- мактаби №64-и Ҷамоати деҳоти Вору ва Ҷамоати деҳоти Шинг бинои нав сохта шуд. Дар назар аст, ки соли равон боз дар ду мактаби садамавӣ бинои нав бунёд карда шавад.

Баҳри амалигардонии нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таъсиси дувоздаҳ  коргоҳ, аз ҷумла корхонаи шустан ва коркарди регу шағал, истеҳсоли плитаҳои бетонӣ, корхонаҳои истеҳсоли қолинҳо ва дигарҳоро ба нақша гирифтааст.

Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай сабзкориву ободонӣ дар ин шаҳри бостонӣ вусъати тоза мегирад. Гулу гулбуттаҳо, ниҳолҳои ороишиву сояафкан  фазои шаҳрро дилоро менамоянд.  Бо ин мақсад бештар аз 4-5 ҳазор бех ниҳоли дарахтон шинонда шуданд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон гардад. Бо мақсади рушди соҳа ва эҳёи мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои назаррас ба сомон расонида мешавад. Эҳё ва ба тарзи қадимӣ навсозӣ гардидани Қалъаи Муғ мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Давродаври девори Қалъаи Муғ 600 меттро дарбар мегирад ва ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаву маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ дар ин ҷо «Амфитеатр» ва  дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла, утоқҳои кории ҳунармандон, осорхона ва намоишгоҳи доимии ҳунарҳои мардумӣ низ бунёд шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ дар ин шаҳри бостонӣ низ бомаром идома дошта, мақомоти иҷроия бо ҷалби маблағҳои буҷетиву соҳибкорону саховатмандон иншооти таъиноташон гуногунро бунёд намуда истодааст. Дар шаҳр имрӯзҳо бунёду сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ, майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ, навсозии роҳҳои дохилӣ, бунёди боғоти нав дар заминҳои азхудшудаи мавзеи Сексарӣ идома дошта, сокинон ҳамзамон ба ободонии атроф ва кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Соли равон дар шаҳри Гулистон – яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат, ки дорои имкониятҳои хуб ҷиҳати ҷалби сайёҳон мебошад,  бештар аз 160 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида мешавад. Бо ташаббуси роҳбари вилоят даромадгоҳи шаҳр мавриди навсозӣ қарор гирифт ва дарахтони нодири ороишӣ шинонида шуд. Сокинони шаҳр бо ҷонибдорӣ аз иқдоми бунёдкоронаи роҳбарияти вилоят ба ҳашар баромада, дар самти тоза нигоҳ доштани гирду атрофи хонаҳои худ ҳиссагузорӣ мекунанд. Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Гулистон соли равон 6 майдончаи варзишӣ ва 10 майдончаи  варзишии кӯдакона сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин самт корҳо шурӯъ гардида, ҳамзамон сафолакпӯш намудани 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо, сохтану барқарор намудани зиёда аз  2 километр ҷуйбор ва таъмири 1 километр роҳҳои мошингард мувофиқи нақша амалӣ мегардад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст, Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст,  кӯдакистони хусусӣ бо 160 ҷой, маркази фарҳангӣ- фароғатии «Бӯстон», навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз идома дошта, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар ин навишта ба таври мухтасар танҳо доир ба рафти корҳои бунёдкорӣ дар чанде аз шаҳру ноҳияҳо ишорат шуд. Метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, сокинон бо руҳияи идона ба истиқболи иди Наврӯзи ҷаҳонӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Суғд: Вусъати омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ