Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Қадршиносии варзишгарони беҳтарини вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Рӯзи 13 феврали соли 2018 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят маросими қадршиносии варзишгарони беҳтарини вилоят доир шуд.

Дар ҷамъомад, ки таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси маркази вилоят, муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, директорони мактабҳои варзишии вилоят, варзишгарону мураббиён, собиқадорон, кормандони соҳаи варзиши вилояти Суғд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид, аз фаъолияти варзишгарони вилоят дар соли 2017 натиҷагирӣ шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо варзишгарон таъкид намуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидааст.

-Қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” собит сохт, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози фаъолият дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад, - афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Иттлоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва Барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Бо қарорҳои дахлдори Раиси вилоят аз 2 октябри соли 2017 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» ва «Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои 49 нафар варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани беш аз 985 мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарорҳои зикргардида ба шумор меравад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми солҳои 2016-2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 302 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 212 майдонча, 85 толор, 1 кох, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 варзишгоҳ таъмиру тармим карда шуда, 129 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 112 майдонча, 13 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмаа, 1 маркази фитнес-теннис ва чандин иншооти варзишии хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд.

Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки соли гузашта беш аз 3100 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 480 нафар духтарон дар 100 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, инчунин 404 нафар варзишгарон, аз ҷумла 13 нафар бонувон дар 44 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд. Аз ҷумла, варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба гирифтани ҷойи якум, Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи сеюм, Беҳрўз Гулмаҳмадзода дар бозиҳои Осиё оид ба гӯштини камарбандӣ дар иншоотҳои варзишии болопӯшида дар Ҷумҳурии Туркманистон ҷойи дуюм, инчунин Асрор Воҳидов дар чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс, Кристина Пронженко оид ба варзиши сабук ва Сухроҷ Азизов оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ ҷойи якум мушарраф шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ғолибони мусобиқаҳои варзиширо барои пирўзиву дастовардҳояшон дар соли 2017 –ум табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти ояндаашон муваффақият ва дастовардҳои тоза таманно намуд.

Дар баробари зикри дастовардҳо роҳбари вилоят аз камбудиҳои мавҷуда низ ёдовар шуд ва ҷиҳати онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 55 нафар варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш Сипоснома ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми аз 500 сомонӣ то 2000 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Қадршиносии варзишгарони беҳтарини вилояти Суғд