Хабарҳо
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49
Оғози марҳилаи дуюми амалиёти махсуси «Нелегал-2018» - 20.09.2018 11:14
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» - 20.09.2018 10:41
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ - 20.09.2018 10:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон

( 2 Овоз )

Рӯзи 10 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии роҳбари нави шаҳр баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид. Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Аз соли 1991 ҳамчун омӯзгор, муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 6-уми феврали соли 2017 то раиси шаҳри Бӯстон таъин шуданаш дар мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Зимни муаррифӣ роҳбари вилоят ба Рухсора Давлатзода, ки дар давоми беш аз 6 соли роҳбариаш барои пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳр саҳми арзанда гузошт, изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно кард.

Пас аз маросими муаррифии роҳбари нави шаҳр маҷлиси фаъолон баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил намуда, таъкид кард, ки дар соли сипаришуда нақшаи буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 150,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 47 миллиону 725 ҳазор сомонӣ 76 миллиону 730 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллӣ 132 дарсад ва нақшаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 108,7 дарсад таъмин гардид.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату сайёҳӣ роҳбари вилоят масъулинро ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъсиси корхонаҳои нав, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон