Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 16.02.2018 15:18
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои донишҷуён курсҳои забономӯзии ройгон ташкил шудааст - 16.02.2018 14:43
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон - 16.02.2018 14:39
ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР - 16.02.2018 08:31
Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод - 15.02.2018 16:35
Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон! - 15.02.2018 16:34
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд - 15.02.2018 16:32
Маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - 15.02.2018 11:15
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ - 14.02.2018 14:15
Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 14.02.2018 12:10

Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд Рӯзи 7 феврал дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов  конференсияи ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи вилоят баргузор шуд.

Аз руи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия иштирокчиён номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро, ки аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст, ба вазифаи раиси Федератсияи футболи вилоят якдилона дастирӣ намуданд. Алишер Урунов ба Раҷаббой Аҳмадзода шаҳодатномаи Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғдро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки футбол дар вилоят минбаъд рушди бештар хоҳад ёфт.

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Хуршед Ақдодов доир ба фаъолияти федератсия дар соли 2017 ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки ҷиҳати рушди футбол ва тарбияи ҷисмонию варзиш аз ҷониби роҳбарияти вилоят чораҳои дахлдор андешида шуда, соли гузашта дар вилоят беш аз 50 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки он ба рушди футболи маҳаллӣ таъсири мусбӣ расонидааст. Ҳамзамон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят Барномаи миёнамуҳлати сохтмони майдончаҳои варзишӣ роҳандозӣ гардид, ки дар доираи он беш аз 200 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Соли 2017 барои футболбозони вилоят соли пурбарор буд. Дар ин сол дастаи “Хуҷанд” маротибаи чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд ва мақоми дуюмро дар чемпионати мамлакат аз худ намуда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар аввали мавсими соли сипаришуда мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, минтақаи Суғд бо шумули 8 даста гузаронида шуд, ки  дастаҳои “Хуҷанд” ва “Ашт” дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок намуданд  Дар лигаи якум бошад, чаҳор даста аз вилоят дар чемпионати Тоҷикистон баромад намуданд, ки дастаи “Эсхата” дар байни 12 даста соҳиби медалҳои нуқра гардид. Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) бошад 11 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ғолиби минтақавӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилоят курсҳои омӯзишӣ барои мураббиёни намуди футзал ва футбол ташкил карда шуд, ки дар он зиёда 60 нафар мураббиён соҳиби сертификатҳо гаштанд.

Раиси нави Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои боварӣ ба ин вазифаи масъулиятнок ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ соҳаи варзишро самти афзалиятноки фаъолият карор дода, бахусус барои рушду оммавӣ гардонидани футбол, мустаҳкам намудани  пояи моддию техникии соҳа ва дар маҷмӯъ татбиқи сифатноки талаботи Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2020  тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид. Дар ин замина ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур дода шуд,ки ҷиҳати дастгирии федератсияҳои маҳаллии футбол ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд