Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017

( 4 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео :Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 Рӯзи 8 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти  нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар ин маҷлис, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ доир шуд, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис вобаста ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ гузориш дод. Таъкид  гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Соли сипаришуда барои мардуми вилоят басо хотирмон буд, зеро меҳнаткашони вилоят 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои идона ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар вилоят 84 корхонаи нави саноатӣ бо 1479 ҷойи корӣ таъсис ёфта, саноатчиёни вилоят маҷмӯан ба маблағи 9,9 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии вилоят бошад,  ба 7,1 млрд. сомонӣ баробар шудааст. Бо мақсади азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ то имруз беш аз 67 ҳазор хоҷагии оилавию инфиродӣ ташкил шуда, ин раванд дар вилоят идома дорад. Хоҷагидорони вилоят дар майдони 270,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои баҳориро ба роҳ мондаанд, ки 102 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, майдони кишти пахта 6 ҳазор гектар зиёд ва дар натиҷа 117,4 ҳазор тонна ҳосил ба даст омадааст, ки нисбат ба мавсими соли 2016 37,2 фисад зиёд мебошад.  Соли 2017 ҳамзамон бо сарфи 1,3 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба истифода дода шуда, 58 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 42,7 миллион сомонӣ таъмиру таҷдид гардидаанд.

Қисми даромади буҷети вилоят соли 2017 ба андозаи 109,1 дарсад иҷро ва ба буҷети вилоят 1 млрд. 852,9 миллион  сомонӣ ворид гардидааст. Барои соҳаи маориф дар ин давра 719,7 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 16,3 дарсад аз соли 2016 афзун мебошад. Ҳамзамон 32 иншооти соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, айни ҳол 923 муассисаи таълимӣ дар вилоят фаъолият доранд.  Соли гузашта  баргузор гардидани ҷашнвораҳои бузург, муаррифии 5 ансамбли Кохи фарҳангии "Суғдиён" ва пешниҳоди 40 намоишномаи театрӣ аз ҷумлаи падидаҳои хотирмони фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Соли сипаришуда бори аввал бар иловаи маблағҳои пешбинишуда, аз буҷети вилоятӣ барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии вобаста ба нуқсони дил ба таври ройгон 687 ҳазор сомонӣ ва барои харидории 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои шаҳру навоҳӣ 1,4 млн. сомонӣ  ҷудо карда шуд. Ҷиҳати дастгирии занҳои ҳунарманд грантҳои Раиси вилоят супурда шуда, айни ҳол 262 маркази таълимӣ - истеҳсолӣ дар вилоят фаъолият доранд.

Дар маҷлиси фаъолон раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои дахлдор мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Дар маҷлиси фаъолон ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат  Маҳмадтоир Зокирзода доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва вилоят изҳори назар намуда, сокинони вилоятро ба меҳнати содилона ва иҷрои нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.

Дар поёни маҷлиси  фаъолон Раиси вилоят дар назди масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷаласаҳои ҷамъбастии шаҳру навоҳӣ, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ бо ҷалби соҳибкорон, таҳия намудани Барномаи таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, нақшаи рушди минтақаҳои саёҳатии вилоят, Барномаи рушди соҳаи варзиш, густариши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои ободонӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017