Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

( 0 Овоз )

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои хоси идоракунии онро ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму тамаддун ва таърихию фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Мувофиқи қонуни номбурда Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дорои мақоми махсуси давлатӣ буда, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе инчунин маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти милливу давлатӣ мебошад.

Дар Қонуни номбурда инчунин мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди он, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, таъмини бехатарӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва паҳлуҳои дигари ҳаёти пойтахт ва роҳҳои амалӣ намудани онҳо муайян карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тартиби будубош, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла, чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд. Инчунин танзими паҳлуҳои дигари ин масъала дар Қонуни номбурда пешбинӣ карда шудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои саркашӣ кардани фарзанд аз таъмини иҷтимоии падару модар ва дар навбати худ, саркашӣ кардани падару модар аз таъмини иҷтимоии фарзанд дар ҳолатҳои пешбинӣ кардаи қонунгузорӣ, инчунин барои риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор пурзӯр намудааст. Инчунин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» воридгардида ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, тибқи тартиби муқарраргардида рухсатии асосӣ қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.

Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд