Хабарҳо
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон - 19.06.2018 16:56
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон - 19.06.2018 15:36

Иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Молдова Игор Додон, Президенти Россия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков иштирок карданд.

Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардида, дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки дар соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раиси дар иттиҳод ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳанат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022 ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.

Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳамзамон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ хамчунин доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 — Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва санаи  баргузори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор  намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил