Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Суғд: Гусели мутантани 1800 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

( 1 Овоз )

Санаи 7 октябри соли 2017 гурӯҳи калони даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ баргузор шуд. Аз субҳи барвақт даъватшавандагон дар назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” сарҷамъ омаданд ва сипас ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо руҳияи болида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ то майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев роҳпайпоӣ намуданд. Дар ин мавзеъ аз ҷониби санъаткорон баҳри болидахотирии даъватшавандагон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Баробари ҷавонписарон ҷавондухтарон низ дар ин майдон саф ороста, ҳамчун рамзи эҳтиром, самимият, меҳру муҳаббат ва арзи сипосу миннатрдорӣ ба ҳомиёни ояндаи Ватан гулҳои тару тоза тақдим доштанд. Баъди итмоми барномаи фарҳангӣ даъватшавандагон ба макони баргузории чорабинии тантанавӣ – Амфитеатри Қасри Арбоб раҳсипор гардиданд. Дар ин руз зиёда аз 20 ҳазор нафар хонандагону донишҷӯён, ҷавонону наврасон ва фаъолон ба кучаҳои шаҳри Хуҷанд баромада, бо шодиву нишот ба даъватшавандон хизмати содиқонаро орзу намуданд.

Дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар сокинони вилоят, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, комиссарони ҳарбӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, донишҷӯён, волидони ҷавонони даъватшаванда, афсарону сарбозон ва худи даъватшавандагон чорабинии мутантани идона баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ даъватшавандагон ва кулли иштирокдорони чорабиниро бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ дар идомаи суханронии худ иҳзор дошт, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” имрӯз 1800 нафар ҷавонписарон  ихиёран барои адои хизмати Ватан сафарбар мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳӣ пурра ба иҷро расониданд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Зикр гардид, ки роҳбарияти вилоят минбаъд низ анъанаи аёдати сарбозонро идома дода, барои волидон ҷиҳати аёдати фарзандонашон шароитҳои заруриро фароҳам меоварад ва худи падару модарон метавонанд бо шароити хизмати фарзандонашон аз наздик шинос гарданд. Раиси вилоят дар поёни суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки даъватшавандагон содиқона хизмати Ватанро ба анҷом расонида, бо сари баланд ба назди пайвандонашон боз мегарданд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон суруру шодмонӣ намуданд. Пас аз итмоми барномаи фарҳангӣ наваскарон бо рӯҳияи болида ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд. Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дастархони идона ороста шуд ва наваскарон пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ озими қисмҳои низомӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Суғд: Гусели мутантани 1800 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ