Хабарҳо
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон - 19.06.2018 16:56
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон - 19.06.2018 15:36

Азхудкунии заминҳои мавзеи Сексарӣ идома меёбад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Азхудкунии заминҳои мавзеи Сексарӣ идома меёбад Санаи 29 сентябри соли равон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ пас аз сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод дар саҳни пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4” бо хоҷагидорони минтақа доир ба масъалаи таъминоти оби полезӣ мулоқот орост.

Дар машварат инчунин муовини Раиси вилоят, раисони ноҳияҳои Истаравшану Деваштич ва Зафаробод, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, идораи замин, хоҷагии об ва шабакаҳои барқи ин навоҳӣ ширкат варзиданд.

Тавре таъкид гардид, азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи минтақа, бахусус мавзеи Сексарӣ, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Истаравшану Деваштич доман густурдааст, имрӯз аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти вилоят мебошад. Бояд гуфт, ки заминҳои корами ин мавзеъ замоне қабл тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ таъмин карда мешуданд ва имрӯз зарурати обёрии ин мавзеъ дубора ба миён омадааст. Ба қавли мутахассисон, мавзеи Қизилӣ ва Сексарӣ маҷмӯан 8781 гектар замин дорад, ки  аз ин 5305 гектараш ба мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан ва 3700 гектараш ба ҳудуди ноҳияи Деваштич рост меояд. Тайи чанд соли охир 2600 гектар замин мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 40 хоҷагии деҳқонӣ дар инҷо ба парвариши зироатҳо машғуланд. Тасмими роҳбарияти вилоят ин аст, ки дар ояндаи наздик беш аз 4000 гектар заминҳои бекормондаи ин мавзеъро дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд ва барои наздик 8 ҳазор нафар ҷойи нави корӣ ташкил кунад.  Азхудкунии Сексарӣ имкон медиҳад, ки дар марҳилаи аввал беш аз 600 оила соҳиби саҳми замин гарданд ва ба кори кишоварзӣ машғул шаванд.

Бо мақсади обёрии мавзеи Сексарӣ пойгоҳҳои обкашии мавзеи Қизилӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, ҳамзамон насби дастгоҳҳои  нав ба хотири афзун намудани иқтидори обкашии онҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, таъмир ва сохтмони беш аз 40 километр каналҳои мавзеи мазкур дар назар дошта шудааст, ки барои ин кор, яъне обёрии заминҳои Сексарӣ 11 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ равона хоҳад гардид.

Ба хотири тақсимоти дурусту саривақтии об ба заминҳои ҳудуди навоҳии Зафарободу Истаравшан ва Деваштич дастур дода шуд, ки силсилаи пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ ва дигар иншооти обрасонӣ он ба мувозинати хоҷагии оби вилоят гузаронида шуда, фаъолияти он минбаъд ҳамчун корхонаи алоҳидаи вилоятӣ ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки ҳамзамон вазъи таъминоти об дар худи ноҳияи Зафаробод низ хеле беҳтар карда шавад.

Дар машварати корӣ бо мутахасисон ҳамчунин манбаъҳои  дигари обёрии заминҳои Сексарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи хулосаи мутахассисон заминҳои ин мавзеъ хусусан барои  парвариши сабзавот ва ташкили боғот мусоид буда, аз ҷумла картошкаю пиёз, сабзӣ ва полезиҳо ҳосили хуб медиҳанд.

Масъулини соҳаи идораи замину сохтмон ва раёсати кишоварзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муддати кутоҳ тарҳи заминҳои тақсимшавандаро муайян намуда, хоҳишмандонро барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб созанд ва ба онҳо ҷиҳати кишту парвариши зироатҳо маслиҳатҳои зарурӣ диҳанд. Деҳқононе, ки дар мавзеи Сексарӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ машғул мешаванд, бояд хотирҷамъ бошанд, зеро дар мавсими нави корҳои саҳроӣ мавзеи мазкур ба таври зарурӣ бо об таъмин карда хоҳад шуд ва деҳқонон танқисиро эҳсос нахоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Азхудкунии заминҳои мавзеи Сексарӣ идома меёбад