Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи дӯзандагӣ соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, бо сабку услуби муосири меъморӣ ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.

Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.

Дар назди ин коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.

Тавре зикр гардид, барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардида, бинои хуштарҳ дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коргоҳи мева аз Германия ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.

Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.

Чеварони ин коргоҳ пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда дар таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураббаъ мебошад.

Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафари дигар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб ва дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин