Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

( 0 Овоз )

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар  Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона, ки  3 моҳ қабл ба кор оғоз карда буд, беш аз 100 кишвари ҷаҳон  охирин дастовардҳои худро дар соҳаи “энергияи сабз” ё баргаштпазир дар маърази диди боздидкунандагон қарор доданд.

Дар  расми ифтитоҳи ин  намоишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Онҳо  дар ҳошияи саммити навбатии СҲШ аз ин намоишгоҳ боздид  ба амал оварданд.

Дар ҷараёни кори Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона беш аз 60 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои гуногуни олам аз павилйони  Тоҷикистон дидан карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»