Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Машварати кории Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Машварати кории Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарияти як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони ҷамоатҳо ва миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар машварат асосан масъалаи беҳбуд бахшидан ба фаъолияти обрасонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мардуми минтақа тавассути каналҳои Унҷӣ – 1 ва Унҷӣ – 2 – и Канали калони Фарғона ва Сойи Хоҷа Боқирғон мавриди баррасӣқарор гирифт.

- Боиси зикр аст, ки беҳтар намудани таъмини оби каналҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ҳайдар Усмонов ваҒозиён ба беҳдошти ҳолати обёрии наздик 3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳия ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии 8887 хонавода мусоидат менамояд, - зикр дошт Абдураҳмон Қодирӣ. - Амалӣ шудани ин иқдом имконият медиҳад, ки ин заминҳо пурсамар истифода гардида, бо бунёди гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва помидор афзун гардад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят изҳори таассуф намуд, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ баъзе ҳудуди каналҳои номбурда имрўз пурра корношоям гардида, аз ҷониби бархе шаҳрвандон худсарона иншооти ғайриқонунӣ сохта шудааст, ки маҷрои обро халалдор месозад. Беобӣҳолати экологии ин минтақаро халалдор сохта, баъзе мавзеъ макони сирояти бемориҳо гардидааст. Алъон вақти он расидааст, ки анъанаҳои неки гузаштагонамонро эҳё намуда, тариқи ҳашару корҳои фаҳмондадиҳӣ каналҳоро эҳё ва пуроб намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ раисони кумитаи маҳаллаҳо, миробҳо ва масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки дар самти баргузории ҳашарҳои мардумӣ, тозаву озода намудани ҷўйборҳо, пардохти оби истифодашуда ва нерўи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд. – Бояд байни ин ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо барои истифодабарии оқилонаи обу замин озмун эълон гардида, беҳтаринҳо ҳавасманд шаванд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Тибқи дастури Раиси вилоят каналҳои мазкур аз тавозуни хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра ба тавозуни Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят гузаронида шуда, Ассотсиатсияи минтақавии истифодабарандагони об ташкил ва фаъолияти миробҳо тақвият хоҳанд ёфт.

- Солҳои қабл мардуми ин минтақа на танҳо мардуми вилоят, ҳатто берун аз онро бо маҳсулоти тару тоза, азҷумла помидор таъмин менамуданд. Аммо имрўз вазъ хеле нигаронкунанда буда, аксари заминҳои наздиҳавлигӣ, бахусус маҳаллаҳои навбунёд аз нарасидани оби полезӣ ва нўшокӣ танқисӣ мекашанд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр дошт, ки ба фаъолияти пурсамари миробҳо ва музди меҳнати онҳо эътибори зарурӣ дода шавад. Ба хотири тақвияти фаъолияти минбаъда ба 6 мироби ин минтақа дучархаҳои нав тақдим гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров