Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Мулоқоти Раиси вилоят бо иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат"

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки бо мақсади иштирок дар нахустин Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" ба вилоят ташриф оварданд, баргузор гардид.

Ёдовар мешавем,  ки аз санаи 3 то 6 август дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон Форуми мазкур 150 нафар мутахассисони ҷавонро аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ гирди ҳам ҷамъ овард. Ин Форум дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Дар доираи Форум барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо ва саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд доир карда шуданд. Дар рӯзҳои Форум ҳамзамон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд. Аҳтам Абудуллозода аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти  дастгирии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати худ эътироф менамояд. Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”,  як қатор стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ, таъсиси ҷоизаҳо, гранту квотаҳо, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон ва ниҳоят эълон шудани Соли ҷавонон собит сохт, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, онҳоро тарбя менамояд ва ба камол расидани насли ҷавони созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҳадафи асосии ташкили Форум бошад, ин гирди ҳам овардани мутахассисони фавон, баррасии дастовардҳои онҳо ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар фаъолияти кориашон ба ҳисоб меравад. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба роҳбарияти вилоят ҷиҳати ташкили шароити мусоид барои иштирокчиёни Форум изҳори сипос намуда, аз  тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар самти дастгирии ҷавонон истиқбол намуд.

Дар мулоқот чанд нафар мутахассисони ҷавони мамлакат низ изҳори назар намуданд. Ба таъкиди ҷавонон, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар  дар самти пуштибонии ин табауаи ояндасоз тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Имрӯз 23 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил дода, ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ҳамеша қадр карда мешаванд. Ба андешаи иштирокчиёни чорабинӣ баргузории чунин Форум метавонад дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва мустаҳкамии робитаи дӯстиву ҳамкории ҷавонон мусоидат намояд.

Раиси вилоят зимни мулоқот ба иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявӣ доир ба дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят дар соҳаҳои кишоварзию саноат, рушди ҳунарҳои дастӣ, фарҳанг, дастгирии ҷавонони варзишгару эҷодкор ва шаҳрсозӣ  маълумот дод.

Гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва соҳиби воқеии замин гардидани деҳқон, ду баробар афзун гардиданаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноат дар се соли охир, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани наздик 15 ҳазор занону бонувони хонашин,  сохтмон ва таъмири қасрҳои фарҳанг ва марказҳои ҷавонон дар шаҳру навоҳӣ, зиёд гардидани ҳаҷми стпидендияҳои Раиси вилоят, таъсиси кӯмакпулиҳо барои ҷавонони эҷодкору ҳунарманд, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани мутахассисони ҷавон, таъини мукофотпулӣ барои ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои  муҳими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошанд, ки минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Ҷавонони фаъоли кишвар, ки имрӯз дар мақомҳои гуногуни хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд, изҳор намуданд, ки минбаъд низ бо пайравӣ ба кору пайкор ва бо истифода аз ҳидоятҳои Пешвои миллат тамоми донишу малакаи хешро барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол равона хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷумҳуриявӣ иштирокчиён аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва дигар мавзеҳои таърихию фарҳангӣ боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат"