Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд

( 3 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд Санаи 25 июли соли 2017 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории назди Раиси вилоят баргузор шуд.

Дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш ва давраи зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохтору воҳидҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози машварат таъкид дошт, ки масъулин бояд ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кишти саривақтии зироатҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.  Тавре таъкид карда шуд, бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти тару тоза бояд навоҳии кишоварзӣ нақшаи кишти такрориро пурра иҷро намоянд. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки то ҳол дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла, Зафаробод, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Ашт, Мастчоҳ нақшаи кишти такрорӣ пурра иҷро нагардидааст.

Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ба кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла мош, ҷуворимаккаи тезпазак ва дигар намуди сабзавот вусъат бахшида, нақшаи хешро саривақт таъмин созанд. Ҳамчунин масъулин вазифадор гардиданд, ки ҳамаи коргоҳҳои пахтатозакуниро аз санҷиш гузаронида, камбудиҳоро дар ин самт баратраф созанд. Зикр гардид, ки нарху навои коркарди аввалияи пахта ва гирифтани фоизи баланди нахи он бояд ба манфиати марди деҳқон ҳал карда шавад.

Раиси вилоят ба масъулин ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки  нарху навои маҳсулотро дар бозорҳо ба таври доимӣ назорат намуда, дар бозорҳои вилоят барои деҳқонон шароити мусоид фароҳам оваранд.

Дар идомаи машварат Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати омодагии саривақтии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли хониши 2017-2018 ва зимистонгузаронӣ ҷалб намуда, зикр дошт, ки то моҳи август таъмиру таҷдиди ҳамаи муассисаҳои соҳа ба итмом расонида шуда, тамоми хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда шаванд. Иттилоъ дода шуд, ки ба як қатор хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либоси ягонаи мактабӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда хоҳад шуд. Раиси вилоят инчунин дастур дод, ки маоши омӯзгорон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят бояд саривақт пардохт карда шуда, барои онҳо шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шавад.

Дар фарҷоми машварат Раиси вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд