Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб

( 4 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Видео :Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб Бо мақсади ошноӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои дурдаст Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба водии Яғноби ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.

Водии Яғноб аз минтақаҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар қисмати шарқии ноҳияи Айнӣ, дар мавзеи баландкуҳ ҷойгир шудааст. То замони муҳоҷирати сокинонаш ба дигар минтақаҳои кишвар, Яғноб аз 32 деҳа иборат буда, наздик 3200 нафар аҳолӣ доштааст. Айни замон дар 15 деҳаи он беш аз 400 нафар иқомат доранд.

Шуғли асосии сокинони дараи Яғноб чорводорӣ ва зироатчигӣ мебошад. Бояд гуфт, ки Яғноб як пораи таърихи зиндаи куҳанбунёди тоҷикон буда, аз ҷониби донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст. Вобаста ба таърихи ин гўшаи диёри аҷдодиамон ҳанўз дар асри панҷуми қабл аз мелод муаррихони машҳури юнонӣ маълумот дода буданд. Рушди иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи дурдасти кишвар дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар ин замина, бо мақсади ошноии наздик аз вазъи кору зиндагии сокинони дараи Яғноб Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Абдураҳмон Қодирӣ аз муассисаҳои тозабунёди иҷтимоӣ дар деҳаи Нумиткон дидан кард. Бояд гуфт, ки соли 2016 ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Нумиткон бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти хизматӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар деҳаи Таги Чинор бошад, пули мошингузар бунёд ёфт. Ин иқдом имкон дод, ки вазъи таълиму тарбияи фарзандони водӣ то андозае беҳтар гардад. Айни замон дар 6 деҳаи ин мавзеъ 58 нафар толибилмон дар синфҳои 1-4 асосан ба таҳсили ибтидоӣ фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 6 нафар омузгор таълим медиҳанд. Раиси вилоят ба муассисаҳои таълимӣ мизу курсӣ ва ба толибилмони ин даргоҳ кумакҳои моддӣ аз қабили лавозимоти хониш, сарулибос, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра дастрас намуд.

Дар мулоқот бо сокинони водӣ Раиси вилоят ба вазъи зиндагӣ ва мушкилоти ҷойдоштаи ин мавзеъ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Сокинони Яғноб аз роҳбари вилоят доир ба беҳсозии кумаки тиббӣ дархост намуданд. Муроҷиати онҳо пазируфта шуд ва бо дастури Раиси вилоят дар ояндаи наздик барои бунгоҳи тиббии Яғноб нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ датрас карда мешавад. Муаммои дигари сокинони водӣ ин мушкилоти рафтуомад ва номусоид будани роҳи мошингард аст. Дар ин замина, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ роҳи мошингарди водӣ то даромад то охирин деҳаи он таъмиру азнавсозӣ хоҳад шуд.

Бо ин мақсад роҳбари вилоят барои омода намудани лоиҳа ва оғози корҳои ҳамворкунӣ ва кушодани роҳ дар ояндаи наздик масъулинро вазифадор намуд. Тибқи нақша роҳи мазкур соли 2018 бояд мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи таъминоти барқ дар водӣ роҳбари вилоят барои кашидани хатҳои иловагии барқ ба масъулин дастур дод.

Айни замон дар ҳудуди деҳаҳои Яғноб 13 НБО-и хурд кор карда, аҳолиро бо барқ таъмин месозанд. Соли 2011 ҳангоми сафар ба водии Яғноб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ин мавзеъ 68 адад батереяҳои офтобиро тақдим намуд ва бо ин роҳ мушкилоти барқтаъминкунии аҳолӣ беҳ гардид.

Дар назди мактаби рақами 22-и деҳаи Анзоб бошад, сохтмони интернати наздимактабӣ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ оғоз гардида буд, бо мусоидати роҳбарияти вилоят аз нав ба роҳ монда хоҳад шуд. Парваришгоҳи мазкур бо шароитҳои муосири таълиму тарбия ва зиндагӣ, аз қабили ошхона, хобгоҳ, варзишгоҳ ва дигар иншооти хизматрасон таъмин шуда, имкон медиҳад, ки хонандагони водии Яғноб дар тамоми мавсими сол ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар мулоқот инчунин ба вазъи кишоварзии водӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Бояд гуфт, ки соҳаи асосии хоҷагии қишлоқи ин минтақа чорводорӣ ва зироаткорӣ мебошад. Аз наздик 83 ҳазор гектар фонди заминҳои водӣ 25900 гектарашро чарогоҳ ташкил медиҳад. Дар Яғноб 23 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 70 ҳазор моли майда ва 800 сар чорвои калони шохдор мавҷуд мебошанд.

Бо тавсияи Раиси вилоят, минбаъд майдони чарогоҳҳои водӣ барои хоҳишмандон аз руи талаботи меъёрӣ барои истифодабарӣ тақсим карда мешаванд. Шарти асосӣ он аст, ки бояд шумораи чорвои хоҷагидороне, ки соҳиби чарогоҳ мешаванд, бояд ба ҳисобу китоби оморӣ ворид гарданд. Масоҳати заминҳои корами обӣ дар Яғноб бошад, қариб 9 гектарро фаро гирифта, сокинон асосан ба картошкапарварӣ машғуланд ва то 250-300 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Яғноб ҳудудан хеле васеъ ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ баландкўҳ мебошад. Ҳудуди водии Яғноб дорои сарватҳои бузурги зеризаминӣ, обҳои мусаффо ва гиёҳҳои шифобахш аст. Дар ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла водии Яғноб инчунин барои рушди боғдорӣ ва бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваҷот, инчунин тараққӣ додани туризм ва кўҳгардӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба хеле беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми ноҳияи Айнӣ ва сокинони Яғноб ва муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин ҷиҳат, таъкид гардид, ки бахусус барои рушди туризм дар Яғноб тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Зеро дар ин минтақа табиати нотакрор ва обу ҳавои тоза, манзараҳои дилфиребу обшорони руҳнавоз барои сайру саёҳат хеле мусоид буда, ҳамзамон таърихи зиндаи ниёгони мо, ки дар ин минтақа таҷассум ёфтааст, таваҷҷуҳи сайёҳону бостоншиносони зиёди хориҷиро ҷалб хоҳад кард.

Роҳбари вилоят аз сокинони водии Яғноб даъват кард, ки дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги бойи мардуми ин мавзеъ саҳми бештар дошта бошанд ва ҷиҳти тарғиби анъанаҳои ин маҳал аз ҷумлаи нигаҳдорӣ ва эҳёи забони яғнобӣ, суруду мусиқӣ, фарҳанги либоспушӣ ва хурокҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Бо дастгирии роҳбарияти вилоят дар мавсими имсолаи таътили тобистона 20 нафар мактабиён ва ҷавонони водии Яғноб дар беҳтарин истироҳатгоҳҳои вилоят ба фароғат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар барои нигоҳ доштани анъанаву суннатҳои мардуми Яғноб ҳамчун арзиши пурқимати фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон кўшишхо ба харҷ дода, ба онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ташкили зиндагии шоиста, инчунин таълиму тарбияи насли наврас, ки посдорандагони арзишҳои нодири миллиамон мебошанд, кўмаку ғамхории пайваста мерасонад.

Раиси вилоят дар ин сафар бо фарҳанги зиндагидории мардуми водӣ дар мисоли хонадони як сокини он ошно гардид. Дар водии Яғноб ҳанӯз усули бунёди хонаҳои сангин боқӣ монда, урфу одатҳои қадимаи зиндагии ниёгонамон риоя карда мешаванд. Фарзандони маҳал дар мактаб бо забони тоҷикӣ таълим гирифта, баробар бо ин дар хона бо шеваи яғнобӣ гуфтугӯ мекунанд.

Ҳамин тавр, ватани аҷдодии суғдиён тадриҷан ободу зебо ва муҳимтар аз ҳама дар кўҳистони Яғноб суннатҳои маҳаллии мардум дуюмбора эҳё гардида истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд













Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб