Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят Имрӯз, 11 апрели соли 2017 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисону шаҳру навоҳӣ, муовинони онҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои олии вилоят ва дигар фаъолон ҳузур доштанд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Абдураҳмон Қодирӣ оғоз ёфт ва сипас ҳисоботи муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2017 шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардида, ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят зиёда аз 2,8 миллиард сомониро ташкил додааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 106,2 дарсад иҷро шудааст ва ба буҷет беш аз 342 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 20,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ва Конибодом нақшаи буҷети давлатиро пурра иҷро карда натавонистаанд, ки бо ин сабаб 7,3 млн. сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст. Вилояти Суғд дар ин давра бо 41 мамалакати дунё, аз ҷумла 31 давлати хориҷаи дур муносибатҳои савдои хориҷиро ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷӣ ба 454,6 млн. доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввали соли 2017 ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,1 фоизро ташкил дод. Аз 591 корхонаи саноатӣ 266 адад  ё 45 дарсад суръати афзоишро таъмин намуда, 99 корхона ҳаҷми истеҳсолотро кам ва 226  корхона фаъолият набурдаанд. Дар ин давра ҳамзамон  7 корхонаи нав бо 112 ҷойи корӣ ташкил ёфтаанд.

Пардохти ҳақи барқ аз ҷониби аҳолии вилоят ба андозаи 91,2 фисад мебошад. Кишоварзони вилоят бошанд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидор ба андозаи 404 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш 105,7 дарсадро ташкил медиҳад.  Дар ин давра ҳамзамон дар 42 ҳазор гектар кишти баҳорӣ ба роҳ монда шуда, 740 гектар боғу токзори нав бунёд ва 102 километр роҳҳои дохилӣ таъмир карда шудаанд. Барои  соҳаи маориф дар семоҳа 165,3 млн сомонӣ ҷудо гардида,  соли равон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 45 иншоот ба нақша гирифта шуда, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ якҷоя бо марказҳои инкишофи кӯдакон 19,6 дарсадро ташкил медиҳад. Барои соҳаи тандурустии вилоят бошад, дар ин давра 78 млн. сомонӣ равона гардида, соли равон сохмтони 14 маркази саломатӣ ва таъмири 46 иншооти дигари соҳа пешбинӣ шудааст.

Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба фаъолияташон мавриди пурсиш қарор дод. Мушкили асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ин таъмин накардани нақшаи андоз аст, ки ба сифати нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъсири манфӣ расонидааст. Суръати рушди саноати шаҳр ба 104 фоиз баробар шуда, пардохти ҳақи барқ аз ҷониби аҳолӣ  ҳамагӣ 72,6 дарсадро ташкил медиҳад. Камбудиҳои дигари мақомоти иҷроияи шаҳр ҳамзамон дар самти кишту парвариши картошка, ташкили гармхонаҳо, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон эҳсос карда мешавад. Дар шаҳри Панҷакент бошад, дуруст ба роҳ намондани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба назар мерасад. Роҳбарияти шаҳрро зарур аст, ки ба таносуби кишти зироатҳо таваҷҷӯҳ намуда, ба ҷои гандум, ки ҳосилнокии кам дорад,  майдони кишти картошкаю шолиро дар минтақа васеъ намояд. Зиёд намудани миқдори гармхонаҳо, иҷрои барномаи боғу токпарварӣ, ташкили марказҳои зообайторӣ ва пешгирии таҳсили ғайрирасмии ҷавонони шаҳр дар донишгоҳҳои хориҷа  аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки барои иҷрои онҳо роҳбарияти шаҳри Панҷакент вазифадор карда шуд.

Ташкили минтақаи нави саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби соҳибкорон, баланд намудани суръати рушди соҳаи саноат, вусъати кишти пунбадона ва таъмири роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ашт барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, пардохти қарзи соҳаи обрасонӣ, саривақт анҷом додани кишти баҳории зироатҳо ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз мушкилоте ҳастанд, ки бояд ҳалли хешро пайдо намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон масъулини соҳаи обрасониро  ҷиҳати саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини заминҳои мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан ва  минтақаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби полезӣ вазифадор намуд.  Раёсати кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати тезонидани суръати кишти пахта ва дигар зироатҳо тадбир андешад ва маъракаи кишти пунбадона то санаи 20 апрел бояд ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ инчунин ба масъулини мақомоти андоз ҷиҳати ҷамъоварии саривақтиву босифати андозҳои давлатӣ, ба идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах ва ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои истеҳсолиашон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки дар мавсими имсола бо дастури Раиси вилоят хоҷагидороне, ки ба кишту парвариши помидор машғул мешаванд, бо заҳрдоруҳо ройгон таъмин карда хоҳанд шуд. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон роҳбарияти мақомотҳои маҳаллии шаҳру навоҳиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ташкили минтақаҳои нави саноатӣ, пешгирии пайдоиши қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, ташкили  гармхонаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мусоидат ба соҳибкорон барои сохтмони мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ва вусъати бунёди боғ ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар мавзеи Сайҳун тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки сокинони вилоят бо меҳнати софдилона ва нишондодҳои баланди истеҳсолӣ ҷашнҳои бузурги дар пеш истодаро истиқбол мегиранд ва дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят