Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ Имрӯз, 7 апрели соли 2017 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро бо роҳбарии ҳамоҳангсози барномаҳои МАГАТЕ дар Тоҷикистон хонум Сандра Стейс ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои вилоят бо ин ташкилот дар самти азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгадонии Маркази саратоншиносии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави шӯъбаи нурафкании Маркази саратоншинсии вилоят соли 2014 бо маблаггузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти пояи моддию техникии марказ аз буҷети вилоятӣ таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ харидорӣ гардидаанд ва бино барои воридоту насби дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” омода карда шудааст, ки ин кор дар ҳамдастӣ бо ташкилоти МАГАТЕ амалӣ мегардад ва маблағи он 400 ҳазор евроро  ташкил медиҳад.  Дар ин замина ҳадафи ташрифи намояндагони МАГАТЕ ба вилоят  ин мукаммалгардонии фаъолияти Маркази саратоншиносии вилоят, бахусус шӯъбаи нурафкании он буда, дар ин боздид масъалаи харидорӣ ва дастрас намудани томографи компютерӣ ва дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” баррасӣ мешавад.

Дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон масъалаи омодосозии мутахассисони ҷавони вилоят ва таҷрибаомӯзии онҳоро дар марказҳои пешрафтаи саратоншиносии дунё ҷиҳати такмили донишҳои тиббӣ ва кор бо таҷҳизоти замонавӣ пешниход намуд, ки ин иқдом аз ҷониби ҳайати коршиносони МАГАТЕ бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Айни ҳол ду нафар мутахассиси нуршиноси Маркази саратоншиносии вилоят барои омӯзиши фаъолияти таҷҳизоти нурафканӣ ва муолиҷаи нурӣ дар Донишгоҳи миллии тиббии шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва ва як нафар дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кор бо дастгоҳи мазкурро омӯхта, дорои сертификат гардидаанд.

Ҳайати намояндагони МАГАТЕ зимни вохӯрӣ инчунин доир ба иқдомҳои дигари пешгирии хатарҳои радиатсионӣ дар вилоят, аз ҷумла рӯйпӯшкунии партовгоҳи минтақаи Деҳмой аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумот гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ