Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода Санаи 14 март дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, аъзоёни комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, кормандону масъулини ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Раиси вилоят қайд намуд, ки машварати кории мазкур дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадаф омодагии ҳамаи соҳаҳо ба ҳолатҳои ғайричашмдошти табиӣ ва пешгирии хисорот мебошад.

Дар рафти ҷаласа оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи ҳудуди вилоят   раиси комиссияи давлатӣ, муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддини Қудрат баромад намуда, таъкид дошт, ки аз рӯйдоди офатҳои табииву техногенӣ ягон кишвари олам эмин нест ва бояд баҳри саривақт пешгирӣ ва баратараф намудани онҳо масъулину мутасаддиёни ҳамаи соҳаҳо омода бошанд. Тавре таъкид карда шуд, дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 89 ҳолати фавқуллодаи табиӣ ба амал омада, бар асари он 42 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти вилоят 272 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидааст.  Соли равон аз ҷониби комиссияи вилоятӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода ташхиси мавзеъҳои хавфноки шаҳру навоҳӣ гузаронида шуда, 293 мавзеъҳои хатарноки дараҷаи аввал муайян карда шудааст. Бештари мавзеъҳои хавфнок ба шаҳру ноҳияҳои Паҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Хуҷанд, Исфара, Деваштич ва ғайра рост меояд, ки дар маҷмӯъ дар ин минтақаҳо 370 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Баробари ин дар вилоят 119 сойю дарёҳо мавҷуд аст, ки онҳо ба 291 ҳазору 185 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ниёз доранд. Ҳамчунин муовини Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳангоми тартиби нақшаи генералӣ, сохтмони роҳҳо, иншооти иҷтиомию саноатӣ ва тақсимоти заминҳо ба аҳолӣ минтақаҳои хавфнок ба инобат гирифта нашудааст, ки ин ислоҳро металабад. Фаъолияти бенизоми корхонаҳои коркарди қуму шағал маҷрои дарёҳоро халадор намуда, боиси сар задани ҳаргуна ҳолатҳои ғайричашмдошт мегардад. Инчунин бо мақсади саривақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ аз ҳисоби сохторҳои гуногун 131 адад техникаҳо омода карда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа Раиси вилоят масъулину мутасаддиёни сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоятро доир ба омодагии ҳамаҷониба дар сурати сар задани ҳолатҳои фавқуллода ва саривақт баратараф намудани онҳо пурсиш ба амал оварда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла ба сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилоят доир ба ташкили фаъолияти шабонарӯзӣ ва назорати доимии минтақаҳои хавфнок, муайян намудани мавзеъҳои пурхатар дар миқёси вилоят, захираи сӯзишворӣ ва омодасозии техникаҳои махсус барои ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайра супориш дода шуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки минбаъд сохтмони ҳамагуна иншоот ва тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ бо мувофиқаи ҳолатҳои фавқуллода  ба роҳ монда шуда, соҳилмустаҳкамкунӣ саривақт анҷом дода шавад. Сардори идораи “Тоҷиксуғурта” дар вилоят вазифадор гардид, ки бо аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, баҳри суғуртакунии молу ашё ва манзилҳои зисти онҳо чораҳои муассир андешанд. Ҳамчунин Раиси вилоят роҳбарияти Раёсати ҳифзи муҳити зист, хадамоти санитариву эпидимеологӣ, ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва раисони шаҳру навҳиро доир ба тоза намудани селроҳаҳо, ки шумораи умумии онҳо 60 ададро ташкил медиҳад, муваззаф намуд. Назорати қатъии корхонаҳои коркарди қуму шағал, ки дар дарёву сойҳо фаъолият мебаранд муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар ин раванд таъмири пулҳои садмавӣ, ки шумораи умумии онҳо 26 ададро ташкил медиҳад ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки аз ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ҳеҷ кас эмин нест ва бояд ҳамаи сохторҳо ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода бошанд.  Раиси вилоят дар ниҳоят ҳозиринро бо Наврӯзи байналмиллалӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ, тоза намудани муҳити атроф, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва кишту кори баҳорӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода