Хабарҳо
“Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон”. Оғози ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд - 21.08.2017 14:44
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид - 21.08.2017 13:37
Семинари дастурдиҳӣ бо иштироки омӯзгорони пешқадам - 21.08.2017 12:15
Боздиди Раиси вилоят аз майдонҳои кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон - 21.08.2017 11:41
Дар ноҳияи Шаҳристон Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад - 21.08.2017 11:06
Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ барои 200 хонанда дар ноҳияи Шаҳристон - 21.08.2017 11:05
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35

Таҷлили Рӯзи Модар дар Қасри Арбоб

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Видео :Таҷлили Рӯзи Модар дар Қасри Арбоб Имрӯз, 7 март бахшида ба Рӯзи Модар дар Қасри Арбоб чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он доираи васеи фаъолзанони вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, шахсиятҳое, ки барои рушду тараққиёти кишвар саҳм гузоштаанд, иштирок намуданд.

Иштирокдорони чорабиниро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иди фархундаи Рӯзи Модар, ки тайи чанд сол инҷониб дар ҷумҳурии соҳибистқлол бо шукӯҳи хоса таҷлил карда мешавад, табрик гуфт.

-Ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми бонувони иззатманди вилоятро ба иди фархундаи баҳору зебоӣ ва меҳру садоқат – ҷашни мубораки Рӯзи Модар табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи бегазанд, хонаободӣ, барори кору баракати зиндагӣ таманно менамоям  - изҳор дошт Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан дар кишвар гувоҳ аз он аст, ки мақоми бонувон дар сиёсати давлатӣ нақши муассир дорад ва занони тоҷик баробар бо мардон дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин саҳми назаррас мегузоранд. Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик дар тамоми соҳаҳо намунаи ибрат будааст.

Дар замони муосир низ нақши зан дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон махсус ба назар мерасад. Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити кору фаъолияти бонувон стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд ва тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳои занон тавассути қонунгузориҳо ҳимоя мешавад. Сол то сол сафи занони зиёиву маърифатпарвар зиёд гардида, ҳамзамон иштироки занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ низ торафт афзун мегардад. Маҳз дар заминаи ғамхориву дастгириҳои давлат ва Ҳукумат имрӯз Тоҷикистон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Имрӯз аз 1 миллиону 272 нафар занону духтарони вилоят 1223 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд. Алҳол аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят интихоб гардидаанд, ки нисбат ба интихоботи солҳои пешин ин теъдод зиёд мебошад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таваҷҷӯҳи бонувони фаъолро ба масъалаҳои  маданияти оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии раванди никоҳи барвақтӣ ва хешутаборӣ, риояи қонунҳои ҷумҳурӣ дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими ҷашну маросим ва ғайра ҷалб намуд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон ва меҳнати хонагӣ дар байни бонувон, коҳиш додани сафи занони муҳоҷир, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофиро эҳё ва рушд бахшида истодааст. Бо ин мақсад дар вилоят 159 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил ва дар онҳо зиёда аз 490 дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ насб гардида, наздик 250 нафар ҳунармандон ва беш аз 1200 нафар шогирдон ба ҳунаромӯзӣ валб карда шудаанд.

Фаъолияти занҳои соҳибкор низ ба туфайли дастгириву кӯмак ва имтиёзҳои давлату Ҳукумат сол то сол вусъат меёбад. Дар заминаи ин дастгириҳо соли ҷорӣ бо қарори Раиси вилоят ба муносибати эълон гардидани “Соли ҷавонон” ва 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳаҷми гранти Раиси вилоят ва шумораи он барои занҳои соҳибкор зиёд гардидааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии занону духтарони ҳунарманд ва эҷодкор теъдоди грантҳои Раиси вилоят аз 30 адад ба 45 адад расонида шуда, 10 грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 8 000 сомонӣ, 25 грант дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 305 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар охири чорабинӣ барои занон барномаи фарҳангии идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят ва истеъдодҳои ҷавон, ки саршор аз муҳаббати ҷовидона нисбат ба зан-модар буд, пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи Модар дар Қасри Арбоб