Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 28.06.2017 16:36
Aёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд дар шаҳри Бӯстон - 28.06.2017 09:04
Ашт. Барои мумфаршкунии роҳҳо 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 28.06.2017 09:03
Хуҷанд: Хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 28.06.2017 09:01
Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб - 27.06.2017 21:10
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитисро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят меҳмонон - ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитисро  ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта,  аз ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия  11 майи соли 1994 барқарор шудаанд. Тоҷикистон бо Латвия дар бисёр масъалаҳо нигоҳи ягона дошта, ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои саноат, энергетика, маорифу тандурстӣ ва фарҳанг дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят зимни мулоқот зикр намуд, ки дар доираи меморандуми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ки онро роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ба имзо расонидаанд, метавон ҳамкориҳои тарафайнро боз ҳам тақвият бахшид. Тавре таъкид карда шуд, меҳмонон асосан ба содироти хушкмева ва меваи тару тозаи кишвар ба Ҷумҳурии Латвия ва бо ин васила ба дигар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд буда, дар ин замина омода ҳастанд дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави вилоят саҳмгузор бошанд. Вейко Сполитис қайд намуд, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд  аз ҷиҳати экологи тоза буда, дар хориҷи дур харидорони сершумор дорад ва ба роҳ мондани содироти хушкмева боиси муаррифӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар хоҳад гардид.

Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 50 ҳазор гектар майдони боғоти зардолу мавҷуд мебошад ва таҷдиду азнавсозии хоҷагиҳои кишоварзӣ имконият даст дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам боло бурда шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд айни замон бо кашидани хатти оби полезӣ ва ҷалби соҳибкорону деҳқонон дар дашти Сомғор бунёди 3 ҳазор гектар боғоти интенисвиро ба роҳ мондааст, ки ин боиси боз ҳам бештар гардидани истеҳсоли меваҳои шаҳдбор мегардад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Латвия тариқи буҷавӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин дар рафти мулоқоти судманд густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, тандурустӣ, энергетика, туризм, оби нӯшокӣ ва ғайра мавриди барраси қарор гирифта, ҳардуҷониб омодагии худро барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда баён доштанд.

Дар доираи сафари кории худ ба  вилояти Суғд меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид ба амал оварданд. Аз ҷумла бегоҳии рӯзи гузашта намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.

Сафари кории ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд идома дошта, тибқи нақша меҳмонон аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят боздид ба амал хоҳанд овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия