Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Баракат-Исфара”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Баракат-Исфара” Зимни сафар ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз корхонаи коркарди меваи хушк - ҶДММ “Баракат-Исфара” низ боздид ба амал овард.

Дар шаҳри Исфара чун минтақаи саноатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ мақоми хос доранд. Яке аз чунин корхонаҳое, ки ба коркарду бандубасти хушкмева машғул аст, ҶДММ “Баракат – Исфара” мебошад. Бояд гуфт, ки таъсиси корхонаҳои вобаста ба коркарди мева бахусус дар шаҳри Исфара ин афзун намудани иқтидори содиротии вилоят мебошад. Зеро Исфара макони меваҳои шаҳдбор буда, ҳамзамон соҳибкорони ин минтақа дар соҳаи содироти ин намуди маҳсулот таҷрибаи калон доранд. Корхонаи “Баракат-Исфара” низ ашёи хом, яъне навъҳои гуногуни хушкмеваро аз хоҷагидорон ва бозорҳои дохила гирифта, пас аз коркарду бандубаст онҳоро дар шакли маҳсулоти тайёр асосан ба давлати Россия ва Аврупову Амрико содирот мекунад.

Раиси вилоят роҳбарияти шаҳрро тавсия дод, ки бештар ба парвариши навъҳои бозоргири меваҳо, аз ҷумла зардолу дар ин минтақа эътибор диҳанд, зеро меваҳои хуштамъу хушсифати диёри мо дар хориҷаи дуру наздик талабгорони зиёд доранд. Роҳбарияти корхона ният дорад дар ояндаи наздик доираи фаъолияташро васеъ намуда, иқтидори истеҳсолиашро ба коркарди 4 тонна хушкмева дар як шабонарӯз расонад ва шумораи коргаронашро низ зиёд намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Баракат-Исфара”