Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ ва Қасри ҷавонони ба номи Л. Шералӣ таъмир карда мешавад

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ ва Қасри ҷавонони ба номи Л. Шералӣ таъмир карда мешавад Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд, ки қарор аст соли равон ба таъмиру азнавсозӣ фаро гирифта шавад, дидан карда, бо шароити мавҷудаи он аз наздик шинос гардид.

Бинои ҳозираи китобхона соли 1990 сохта шуда, тӯли 27 сол инҷониб таъмир нашудааст. Ин махзани дониш дар 20 шӯъба барои дӯстдорони китоб хизматрасониро ба роҳ монда, дар маҷмӯъ, фарогири 466 ҳазор дона китоби чопӣ ва 50 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад. Дар китобхона беш аз 120 нафар фаъолият бурда, 354 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят зери роҳбарию дастурдиҳии он кори худро ба роҳ мемонанд. Чанде қабл дар китобхонаи оммавӣ толори хизматрасонии махсус барои шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва куҳансолон, аз ҷумла маъюбон кушода шуд, ки ба ин номгуи муштариён хизматрасонии хоса мувофиқ ба талаботи ҷисмониашон пешниҳод мегардад.

Мушкилии асосии китобхона ин таъмирталаб будани боми он аст, ки бо ташаббус ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда хоҳад шуд. Зимни боздид Раиси вилоят масъулинро дастур дод, ки дар баробари таъмири боми бино, инчунин барои барқарорсозии шабакаи ягонаи гармидиҳии китобхона пешниҳод омода намоянд, ки ин кор низ соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад. Барқароркунии ин шабака имкон медиҳад, ки ҳарорати дохили бино ҳамеша муътадил нигоҳ дошта шуда, китобҳо дар ҳолати зарурӣ ҳифзу истифода гарданд.

Раиси вилоят роҳбарияти китобхонаро тавсия дод, ки минбаъд тарзу усулҳои замонавию манфиатнокро дар самти хизматрасонӣ ба муштариён ҷорӣ намуда, дастрасии ҷомеаро ба адабиёт ва осори арзишманд ва сарчашмаҳои асили илмию таърихӣ осонтар гардонанд. Дар ин замина зарур аст, ки чунин ганҷинаи гаронбаҳои адабию ахлоқии ниёгони соҳибсухани мо ва адибони маъруфи ҷаҳонӣ ҳарчӣ бештар дарёфт ва ба хазинаи китобхона ворид карда шаванд.

Ҷавонони маркази вилоятро дар “Соли ҷавонон” падидаи дигари ободонӣ руҳбаланд хоҳад сохт. Бо ташаббуси роҳбарияти вилоят имсол Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд низ мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор дода мешавад. Қасри мазкур, ки макони асосии машғулият ва баргузории чорабинии ҷавонон мебошад, дар вазъи таъмирталаб қарор дошта, ба беҳтар намудани шароити фаъолият эҳтиёҷ дорад. Бо ибтикори роҳбарияти вилоят ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ боми иншоот пурра таъмир карда шуда, ҳамзамон толори асосӣ ва саҳнаи он низ азнавсозӣ карда мешаванд. Ҳамзамон пурра иваз намудани курсиҳои толори намоиш, таҷҳизоти хизматрасонии дохили он ва барқароркунии шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои азнавсозӣ инчунин ҳудуди берунии биноро фаро гирифта, бунёди иншооти замонавии хизматрасонӣ барои ҷавонон дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати омода намудани лоиҳаи азнавсозӣ як ҳафта ва барои анҷоми корҳои таъмирӣ то моҳи август муҳлат муқаррар намуд.

Зимни боздид вазъи ободонии саҳну  атрофи Қасри чавонон ва фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонии дар назди он амалкунанда мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифта, барои бартараф кардани камбудиҳо раёсати қаср ва мутасаддиёни дахлдор вазифадор гардиданд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз Муассисаи давлатии Боғии миллии "Ваҳдат" боздид намуда, рафти корҳои ободонӣ ва нигоҳубини дарахтонро дар ин мавзеъ аз назар гузаронид. Айни ҳол дар Боғи миллӣ, ки соли 2008 Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди он асос гузошта буданд, корҳои омодаозии дарахтон ба мавсими нави ҳосилбандӣ ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки Боғи миллии "Ваҳдат" дар масоҳати 500 гектар доман густурда, дар он дарахтони зардолую шафтолу, себу олу, ангуру анор ва ноку гелос парвариш карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ ва Қасри ҷавонони ба номи Л. Шералӣ таъмир карда мешавад