Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол"

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Корҳои ободониву созандагӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд идома доранд. Бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳои бунёдкорӣ ва нақшаи навсозии ҳудуди маҷмаа имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ин мавзеъ ташриф овард.

Ёдовар мешвем, ки маҷмааи “Истиқлол” ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, имрӯз ба мавзеи саёҳату истироҳати сокинону меҳмонони маркази вилоят табдил ёфтааст. Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезананд. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад. Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки дар онхо харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар идомаи корҳои бунёдкорӣ дар ин мавзеъ  бо мақсади таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ва истироҳат барои шаҳрвандон дар ҳудуди маҷмаа ташкили толори намоиш бо фарогирии анъана ва русуми сокинони ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ аз қабили сарулибос, анъана ва маданияти рӯзғордории онҳо ташкил карда мешавад. Инчунин, ташкили марказҳои  савдо, хизматрасониҳои бонкӣ, ҳунарҳои дастии миллӣ, дуконҳои китобу дигар лавозимоти хониш, армуғонҳо ва маркази хизматрасонии иттилооти сайёҳӣ дар ҳудуди маҷмаа ба нақша гирифта шудааст. Сокинон ва сайёҳони шаҳрҳамзамон метавонанд аз хизматрасонии лифт барои тамошои толорҳои болоӣ ва манзараи шаҳри бостонии Хуҷанд истифода баранд.

Бо тасмими роҳбарияти вилоят инчунин дар рӯ ба рӯи маҷмаа, яъне дар ду канори роҳи асосӣ дар масоҳати 24000 метри квадратӣ боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешавад, ки ба ҳусни ин гӯшаи шаҳр ҳусни тоза зам хоҳад намуд. Боғи фарҳангию истироҳатии “Истиқлол” аз дарахтони сояафкану ороишӣ, фаввораҳо, роҳраву нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат шуда, ба макони воқеии сайру тамошо ва истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷии маркази вилоят табдил меёбад.

Дар оянда ин мавзеи фарҳангиро бунёди чойхонаи миллӣ ва нуқтаи хурокҳои анъанавии тоҷикона шаҳомати бештар хоҳанд бахшид. Раиси вилоят роҳбарияти маҷмаа ва мутасаддиёни дахлдорро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонии саҳну атроф ва бо гулҳои мавсимӣ оро додани ҳудуди иншоот вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол"