Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Сафари Раиси вилоят ба Эрон ва иштироки ӯ дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»

( 1 Овоз )

Сафари Раиси вилоят ба Эрон ва иштроки ӯ дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»Маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, шоири шинохтаи тоҷик таҳти унвони «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд» рӯзи якшанбеи 16 ноябр дар Фарҳангсарои андешаи шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд.

Маросими бузургдошт бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва масъулони фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Эрон доир шуд. Дар он Раиси вилоят суханронӣ намуд.

Ӯ бо изҳори ташаккур аз меҳмоннавозии эрониён иброз дошт, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола барои бузургдошти шахсиятҳои бузург чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон илова намуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан маркази он шаҳри Хуҷанд шаҳре бисёр зебост ва модоме сарварии ин вилоят бар ӯҳдаи мост, зебосозии он ва зинда намудани шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Камоли Хуҷандиро бо роҳбарии Сарвари давлат вазифаи худ медонем.

Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи суханони худ аз ҷашни таҷлил аз шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 тавассути созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО хабар дод. Ӯ дар ҳузури аҳли фарҳанги Эрон гуфт, ки мо бо фарҳангу забони муштарак ҷонибдори густариши робитаҳо ҳастем.

Дар маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматуллоҳ Эмомзода низ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки ин шабнишинӣ барои ошноии бештари аҳли фарҳангу адаби кишварҳои дӯст мусоидат хоҳад кард.

Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи мумтози тоҷик, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, суханронии худро бо қироати шеъре аз Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшид ва дар идома гуфт: исми осори шайх Камоли Хуҷандиро қанди баста мегузорем. Осори Камол мисли хони малоҳат аст, ки аз он ҳамвора баҳра мебардорем.

Дар маросими бузургдошт ҳамчунин раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон доктор Шабистарӣ, прафессор Фахриддин Насриддинов, Аҳмадҷони Раҳматзод, доктор Асғари Додбеҳ, устоди донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, доктор Довуд Аминӣ, доктор Маҳдии Муҳаққиқ ва дигарон сухан гуфтанд.

Хотирнишон менамоем, ки рӯзи якшанбеи 16 ноябр бо роҳбарии Раиси вилоят ҳайате аз вилояти Суғд барои иштирок дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда буд. Ҳамоиши мазкур дар шаҳрҳои Машҳад ва Табрез низ идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сафари Раиси вилоят ба Эрон ва иштроки ӯ дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»Сафари Раиси вилоят ба Эрон ва иштроки ӯ дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Сафари Раиси вилоят ба Эрон ва иштироки ӯ дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»