Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ

( 1 Овоз )

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи АйнӣСанаи 11 сентябр пас аз нисфирӯзӣ   Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Панҷакент омад. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят дар деҳаи Некноти Нови ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ дар расми кушоди мактаби замонавӣ ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр сохта шудааст, иштирок намуд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода пардаро аз рӯи лавҳаи хотиравии Абдунабӣ Бойматов, ки назди мактаб гузошта, гирифта, афзуд, ки  Абдунабӣ Бойматов тӯли 12 сол чун мудири шӯъбаи маорифи шаҳр  фаъолият намуда, барои меҳнатҳои шоистааш бо пешниҳоди мардуми деҳа мактаби нави таҳсилоти умумии асосии №7 –ум ба номи ӯ гузошта мешавад.  Сипас Раиси вилоят ба дохили бино ворид шуда, дар синфхонаҳо бо толибилмони дабистон мулоқот намуд.

Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо  таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, он дорои 12 синфхона, барои 114 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода омӯзгорону хонандагон ва мардуми деҳаро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 20- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, кушодашавии мактаби нави замонавиро ба мардуми маҳал иқдоми нек арзёбӣ кард ва ду компютерро ба мактаб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфа намуд.

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи АйнӣСипас раиси шаҳри Панҷакент  Хисрав Абдуназаров миннатдории худ ва мардуми шаҳрро ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои чунин ғамхориву дастгириашон изҳор дошт.

Дар идомаи сафари корӣ  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба хоҷагии деҳқонии «Андар» ташриф овард. Хоҷагии деҳқонии «Андар» соли 1998 таъсис ёфта, он 260 аъзо дошта,  дорои 167 гектар замин буда, аз он 119 гектараш боғ мебошад. Раиси хоҷагии «Андар» Бобомурод Ҷӯраев изҳор дошт, ки хоҷагӣ асосан бо боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамнчунин кишти картошка, ҷаву гандум ва офтобпарастро ба роҳ мондааст.

Дар идомаи сафари кории хеш Раиси вилоят Қоҳир Расулзода шоми ҳамон рӯз аз сехи нави корхонаи муштараки "Зарафшон", ки сохтмонаш идома дорад  боздид ба амал овард. Корхона бо дастгирии ширкати «Зилин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой сохта шуда, он дар мӯҳлати муайяншуда баистифода дода мешавад.

Шоми ҳамон  рӯз Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо мақсади баён намудани ҳамдардии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят ба аҳли байти сарбози шуҷои Ватан, ки зимни  амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст дар шаҳри Хоруғи маркази вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ  ҳалок  шуда буд, ба ҷамоати Шинг, ба хонаводаи Фирдавс Раҳимов  ба таъзия рафт.  Раиси вилоят Коҳир Расулзода ҳамдардии Ҷаноби Олӣ, президенти мамлакат Эмомалии Рахмонро ба хонаводаи марҳум изор намуда, аз даргохи худованд ба аҳли байт сабри ҷамил хост ва таъкид намуд, ки ин қаҳрамонони Ватан, ки барои осоиштагии  ва сулҳу субот дар Тоҷикистон ҷони худро дареғ надошта ҳеч гоҳ фаромӯш намешаванд.

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи АйнӣҲамзамон санаи 12-уми сентябри соли 2012 Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз кӯчаҳои нав мумфаршшудаи ба номи Лоиқ Шералӣ, Саъдӣ Шерозӣ ва Абурайҳони Берунии марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд.  Бояд қайд кард, ки ин кӯчаҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ асфалтпӯш  шуданд. Ин иқдоми ҳокимияти маҳаллиро Раиси вилоят нек арзёбӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки дигар кӯчаҳои шаҳрро низ бояд  таъмиру мумфарш намоянд.

Зимни сафар Қоҳир Расулзода ба хоҷагии деҳқонии «Суҷина» ташриф овард. Хоҷагӣ дорои 240 гектар замин буда, 160 гектараш замини обӣ мебошад. Дар  2 гектари он деҳқонон кишти гандуми тирамоҳӣ  гузаронидаанд.

-Хоҷагии мо асосан бо кишти гандуму ҷав, картошкаву сабзӣ ва  пиёз машғул аст,- гуфт раиси хоҷагии деҳқонии «Суҷина» Маҳмуд Расулов,- аз ҳар  гектар 40 сентнерӣ ҳосили гандуму ҷав мегирем.

Субҳи ҳамон рӯз Раиси вилоят ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мактаби деҳаи Сангистон дидан ба амал овард. Сохтмони мактаб аз моҳи майи соли 2011 бо дастгирии мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, он дар арафаи анҷомёбист. Ҳангоми ба истифода додани мактаб дар як баст 320 хонанда таҳсил хоҳанд кард.

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи АйнӣИмрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар мактаб ба анҷом расида,  танҳо толори маҷлисгоҳ,  деворҳои атроф ва корҳои ободонии он идома дорад.  Раиси вилоят зимни боздид  ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод, ки то мӯҳлати муайяншуда, камбудиҳо бартараф карда, то ҷашни дар пешистода ба итмом расонанд.

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ