Хабарҳо
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45

Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

Ноҳияҳои Спитамену Зафаробод ва Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ гардиданд.

21 октябри соли 2021 дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” бо баргузории чорабинии тантанавӣ номи ғолибон эълон гардида, бо вимпели сайёр ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагиҳои халқ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардида, соли 2021-ум масоҳати кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба 52,8 ҳазор гектар расонида шуд. Дар ин замина, пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 134 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Гуфта шуд, ки санаи 1 октябри соли равон бистрўзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд. Ба ҳолати 1 октябри соли равон кишоварзон 53 ҳазору 436 тонна ё 39,9%-и нақша дури гаронбаҳо ҷамъ оварда буданд.

Бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат ҷараён гирифт.

То санаи 21 октябр ба хирман 101 ҳазору 739 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки баробари 76 фоизи нақша мебошад. Барои бунёди ин хирман, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Спитамен саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 2,5 – 3,0 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони мусобиқа мебошанд.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти давраи дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод, инчунин Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби мусобиқа дониста шуданд. Ҳамчунин, Мирзоев Муродбой механизатор аз хоҷагии деҳқонии “Фарҳоди Дарё-1”-и деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 250 тонна дурри гаронбаҳоро ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва “Механизатори беҳтарин” дониста шуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун - ба раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода вимпели сайёр ва 17000 сомонӣ, ба раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода 8500 сомонӣ ва раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Аҳмадҷон Шукуров 4500 сомонӣ супорида шуд.

Ҳамзамон ба як қатор деҳқонони ботаҷрибаи деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, деҳоти  Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳоти Ғафурҷон  Ортиқови шаҳри Конибодом, деҳоти “Овчиқалъача-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Ашти ноҳияи Ашт, инчунин, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, Кооперативии Тиҷоратии ба номи Турсунбой Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Нури Рарз»-и ноҳияи Зафаробод, “Ҳоҷидеҳқонбой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Мунаввариён»-и ноҳияи Мастчоҳ, “Зарбдор”-и шаҳри Конибодом, «Бошбулоқ»-и ноҳияи Спитамен ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд