Хабарҳо
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов - 03.08.2020 14:09
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор” - 03.08.2020 12:07
Дар ноҳияи Спитамен заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешавад - 03.08.2020 12:05
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 12:01

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо рафти бунёди варзишгоҳи марказӣ шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Мастчоҳ соли 2016 барои лоиҳакашӣ ва сохтмони як зумра иншоотҳо дастуру ҳидоятҳо дода буданд.

Яке аз чунин иншоотҳои иҷтимоӣ варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия мебошад, ки он бо 10 000 ҷойи нишаст бунёд гардида истодааст. Лоиҳаи варзишгоҳ аз тарафи пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ тибқи нақша 11 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома дорад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни бунёди толори варзишии “Паҳлавонони Суғд”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Толори варзишӣ дар шафати варзишгоҳи марказӣ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад ва айни замон сохтмончиён машғули коранд.

Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буда, паймонкор ҶДММ “Фаррухрӯз”-и ноҳияи Мастчоҳ аст.

Раиси вилоят баъди шиносоӣ бо сохтмони иншоотҳои варзишӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони Идораи сохтмони асосии вилоят ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ